Посетители
4192431
Сегодня
123
На этой неделе
293
В этом месяце
2711
Итого
4192431
22.02.2023
Паёми табрикии Раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Абдусалом Тӯхтасунзода
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Сарбозону афсарон ва муҳофизони шуҷои Ватан!
Басо фараҳбахш аст, ки дар ин рӯзҳои фархунда ҳар яки мо - сокинони сарбаланди кишвар ҷашни шукӯҳманду боифтихор – 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дастоварди беназири даврони Истиқлоли давлатӣ мебошад, ботантана таҷлил менамоем.
Бо ифтихору сарбаландӣ ба ин муносибат ҳар яки Шумо - сарбозону афсарон, муҳофизони далери Ватан, собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳ ва кулли мардуми шарафманди шаҳри азизамонро самимона табрику таҳният гуфта, баҳратон сиҳативу саломатӣ, сарбаландиву саодатмандӣ, рӯзгори ободу осуда ва барору комёбиҳо орзумандам.
Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як даврони ҳассосу сарнавиштсоз арзи вуҷуд намуда, дар муддати на чандон тӯлонӣ аз санҷишҳои ҷиддӣ гузашта, такомул ва обутоб ёфт. Алҳол, Артиши миллии мамлакат ҳамчун нерӯи тавоно, муҷаҳҳаз ва муташаккил амнияти давлат ва осоиши кишварро таъмин менамояд.
Таҳти сарварии сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташкил ва ба вуҷуд овардани заминаи сиёсиву ҳуқуқии сохтори ҳарбии ҷумҳурӣ муваффақ гардидем ва маҳз туфайли ғамхории пайвастаи Пешвои муаззами миллат имрӯз Артиши миллии мо ба қувва ва сипари боэътимоди давлат табдил ёфтааст.
Сарбозону афсарони баору номуси мамлакат дар давоми сӣ соли сипаригардида дар ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлол, эътирофи обрӯю нуфузи Артиши миллӣ дар арсаи байналмилалӣ талошу ҷонбозиҳо намуданд.
Аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, давлат ва Президенти Тоҷикистон собит сохтааст.
Артиши миллии Тоҷикистон дар натиҷаи таваҷҷӯҳи доимии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар устувору қавӣ гардида, ҳамчун нерӯи қудратманди дорои ҷузъу томҳои муосир дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуд.
Сол аз сол беҳтарсозии вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ далели он аст, ки Ҳукумати мамлакат заҳмату талош, ҷоннисориву садоқатмандии ҳимоятгарони Ватанро нисбат ба миллату давлат ҳамеша қадр менамояд. Ин аст, ки тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат баён доштанд, аз 1-уми марти соли равон музди маоши кормандони соҳаи низомӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти қудратӣ ба андозаи 25 фоиз зиёд карда мешавад ва дар ҳақиқат ин шаҳодати эътимоду эътибори Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба матонату сарсупурдагии хизматчиёни ҳарбӣ мебошад.
Алҳол, дар назди ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва ҳифзи содиқонаи марзу буми кишвар қарор доранд, ки аз ҷасорату ҷавонмардӣ ва садоқату матонати ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва низомиёни мамлакат вобастагӣ дорад.
Бахусус, вақтҳои охир ба вуҷуд омадани низову мухолифатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба амнияти мамлакати мо низ бетаъсир намемонад ва чунин рӯйдоду воқеаҳо масъулияти низомиён ва муҳофизони Ватанро баҳри ҳифзи осоиштагии диёри азизамон боз ҳам афзун месозад.
Имрӯз дилпурона изҳор менамоем, ки дар тӯли таърихи 30 соли сипаришуда афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳи кишвар рисолати касбӣ ва қарзи ватандӯстонаву шаҳрвандии худро бошарафона иҷро намуда, боиси ифтихор ва қаноатмандии ҳар як сокини мамлакат гардидаанд.
Хушбахтона, имрӯз садҳо нафар ҷавонписарон аз шаҳри Конибодом низ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи ҷавонмардии худро дар назди Ватан – Модар сарбаландона адо менамоянд.
Боиси зикр аст, ки дар сафи онҳо шахсони ихтиёрӣ бештар буда, ин шаҳодати он аст, ки насли наврас дар рӯҳияи ватандориву ватанпарастӣ тарбия ва ба камол мерасанд.
Дар ин ҷода саҳми собиқадорони меҳнат ва Қувваҳои мусаллаҳ, ҷанговарони байналмилал, муҳофизони сохти конститутсионӣ ва бартарафкунандагони садамаи Чернобил басо назаррас аст. Зеро онҳо бо таҷрибаи бойи худ дар ин ҷода собитқадам мебошанд ва шоҳид ҳастем, ки бо доир намудани сӯҳбату вохӯриҳо дар назди хонандагону наврасон, ташкил намудани Рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои ҳарбӣ, бурдани корҳои ахлоқию маърифатӣ, дар рӯҳияи ҳарбӣ - ватанпарастӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон пайваста талош меварзанд.
Имрӯзҳо ҷавонписарони диловар, афсарону хизматчиёни ҳарбӣ аз тамоми минтақаҳои ватани азизамон дар қисмҳои низомии ҳудуди шаҳри Конибодом дар ҳифзи марзу бум, таъмини сулҳу субот, амният ва осоиши ҷомеа хизмати софдилона намуда истодаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом пайваста аз шароити зисту зиндагӣ, рафти хизмати сарбозон, вазъи иҷтимоии онҳо бохабар гардида, минбаъд низ баҳри муҳайё намудани шароиту имкониятҳои зарурӣ, расонидани кӯмаки моддӣ ва ҳарчи бештар фароҳам овардани шароитҳои муносиб барои хизмати ҳарбии сарбозону афсарон дастгириву ёрмандии хешро дареғ намедорад.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург аст. Итминони комил дорам, ки ҷавонмардони далери Ватан, сарбозону афсарон ва хизматчиёни ҳарбӣ, дар баробари онҳо сарбозони оянда - ҷавонони бонангу номуси синни даъват ҳамеша барои хизмати Ватан – Модар омодагии хешро изҳор намуда, рисолати ҷавонмардӣ, яъне хизмати шарафмандона ба Ватанро бо ифтихору садоқатмандӣ ба иҷро мерасонанд.
Бо чунин орзуву ниятҳои неку самимона, бори дигар, санаи мубораку фархунда – 30 - солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сарбозону афсарони далер, хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳамшаҳриёни азиз таҳният намуда, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ, зиндагии осудаву осоишта ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва пешрафту шукуфоӣ таманно менамоям.
Ид муборак, ҳомиёни шуҷои Ватан!
Раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?