Посетители
4192431
Сегодня
123
На этой неделе
293
В этом месяце
2711
Итого
4192431
24.02.2023
Омодагӣ ба киштукори баҳорӣ
Фасли баҳор барои деҳқонону кишоварзон айёми корҳои саҳроӣ ва киштукор аст. Бо мақсади шиносоӣ аз вазъи омодагӣ ба мавсими баҳор дар шаҳрамон "Омодагӣ ба хатти тайёр" гузаронида шуда, тамоми техникаҳои кишоварзӣ бори дигар муаррифӣ ва аз назар гузаронида шуданд.
Дар ин чорабинӣ Раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода, муовини Вазири кишоварзии Тоҷикистон Зевар Зеваршоев, сардори Бозрасии назорати техникаи кишоварзии вазорат Шарифҷон Ҳомидов, муовини Раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо, сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Маъруфҷон Шарифиён, сардори Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзии вилоят Бахтиёр Ҷӯраев, роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот, механизаторон ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ иштирок доштанд.
Нахуст иштирокдорон бо техникаҳои кишоварзии шаҳр шинос шуда, ба меҳмонон рафти омодагиҳо ба мавсими нави киштукори баҳорӣ муаррифӣ карда шуд.
Иттилоъ доданд, ки дар шаҳр наздик 600 адад техникаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла тракторҳои гуногунтамға, тухмипошаку, дорупошакҳо мавҷуд буда, ҳамагӣ дар ҳолати корӣ ва омодагӣ ба мавсими навбатӣ қарор доранд.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ тухмиҳои истеҳсоли мутахассисони маҳаллӣ, навъҳои гуногуни шолӣ, маккадон ва ғалладонагиҳо ба маъраз гузошта шуданд.
Пас аз шиносоӣ бо техникаҳо вазъи омодагиҳои шаҳр ба кишти баҳорӣ мавриди ҷамъбаст ва хулосабардорӣ қарор гирифта, ҳайати меҳмонон аз омодагиҳои кишоварзони шаҳрамон изҳори қаноатмандӣ намуда, барояшон дар ин мавсим барори кор хостанд.
Иштирокдорони машварат барои фаъолияти босамар ва омодагиҳои назаррасашон ба мавсим бо тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?