Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4192431
Сегодня
123
На этой неделе
293
В этом месяце
2711
Итого
4192431
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

30.09.2022

Паёми табрикии Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон

Омӯзгорон ва устодони гиромиқадр!
Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр дар кишварамон иди ба ҳамагон азизу муътабар – Рӯзи касбии омӯзгорон дар фазои сулҳу субот, ҳисси ифтихор аз соҳибдавлатӣ, арҷгузорӣ ба илму маърифат ва устоду омӯзгор таҷлил карда мешавад.
Шумо - омӯзгорони азизу гиромиро ба муносибати фарорасии Иди касбӣ - Рӯзи омӯзгорон самимона табрику таҳният намуда, бароятон сиҳатмандии комил, саодати хонаводагӣ, бахту иқболи баланд ва дар фаъолияти пуршарафу заҳматпеша дастоварду комёбиҳои беназир таманно менамоям.
Вожаҳои муаллиму омӯзгор, устоду мураббӣ барои аҳли ҷомеа азизу гиромӣ дониста мешавад ва таърихи башар собит месозад, ки омӯзиши илму ҳунар ва фарҳангу маърифат сифатҳои фитрии инсон буда, густариш ва пешрафти ҳамвораи илму маориф ва татбиқи бозёфтҳои навтарин дар фаъолияти созандаи инсоният ҷавҳари аслии рушду тавсеаи ҷомеаи ҷаьонӣ ба ҳисоб меравад.
Пешаи омӯзгорӣ, кору пайкори ҳамарӯзаи муаллим, худафрӯзӣ ва сӯхтану сохтанҳои ӯ, заҳмати пайвастааш дар роҳи таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, тайёр намудани мутахассисон ва маърифатноксозии аҳли ҷомеа сазовори ҳама гуна сипосу арҷгузорӣ ва эҳтиром мебошад. Омӯзгор машъали фурӯзонест, ки тинати мардумро нур мебахшад.
Имсол иди касбии омӯзгорон ба рӯзҳое рост омадааст, ки дар саросари кишвари маҳбубамон дар партави ҷашни бузрургу таърихии миллат – 30-солагии Иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Шурои Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон иқдомҳои ободонию созандагӣ дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт вусъати тоза пайдо намуда, баҳри сазовор ҷашн гирифтани он омодагиҳои хоса ҷараён дорад.
Аз ҷониби Ҳукумати кишвар таваҷҷӯҳ ба устоду омӯзгор ва мактабу маориф сол то сол афзун мегардад. Дар ин раванд барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тадрис даҳҳо иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла мактабу кӯдакистонҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда истодааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон заҳматҳои пурмасъули тарбиятгарони насли наврасро шоиста қадр намуда, таъкид доштанд, ки: «Маҳз омӯзгор аст, ки наврасону ҷавононро ба интихоби касбу ҳунар ва роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад. Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир рисолат ва масъулияти касбии омӯзгор бамаротиб зиёд шудааст. Дар ин росто ҳар як омӯзгор бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шогирдонашро дар ҳамин руҳия тарбия намояд».
Аз ҳамин нигоҳ шахсияти омӯзгор намунаи баланди одамият ва таҷассуми фазилатҳои писандида эътироф шуда, тавозуъ ва хоксориаш нишони арҷмандиву сарбаландиаш мебошад. Заҳмату шабзиндадориҳое, ки омӯзгор барои тарбияи насли созанда таҳаммул мекунад, сарчашмаи файзбахши зиндагист, ки қалби шогирдонро ҳар лаҳза шодоб месозад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат пайваста ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли ҷавону наврас ва беҳбудии рӯзгори омӯзгорон тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ин мақсад имкониятҳои мавҷуда пурсамар мавриди истифода қарор дода мешаванд. Бунёди биноҳои нави таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, майдончаву толорҳои муосири варзишӣ дар шаҳрамон ба таври густурда ба роҳ монда шуда, дар муассисаҳои таълимӣ шароити таҳсил батадриҷ беҳтару хубтар гардида истодааст.
Итминони комил дорем, ки Шумо - омӯзгорону устодони муҳтарами шаҳр рисолати хешро минбаъд низ аз сидқи дил ба ҷо оварда, дар роҳи таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таълиму тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпараст ва худшиносу худогоҳ саҳми босазо хоҳед гузошт.
Бори дигар, ҳамаи Шумо, устодону омӯзгорони арҷмандро бо Рӯзи омӯзгор самимона муборакбод намуда, бароятон сиҳатмандию хонаободӣ, руҳи қавию азми матин ва дар иҷрои рисолати пуршарафатон барору комёбиҳо орзумандам!
Идатон фархунда бод, омӯзгорони азиз!
Бо эҳтиром,
Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода
Возврат к списку новостей