Посетители
4192430
Сегодня
122
На этой неделе
292
В этом месяце
2710
Итого
4192430
02.10.2022
Таҷлили Рӯзи омӯзгорон
Якшанбеи аввали моҳи октябр дар кишварамон ҳамчун Рӯзи омӯзгорон пазируфта шуда, бо арҷгузорӣ ба номи волоиустод, омӯзгор мутантан таҷлил мегардад. Ба ин муносибат дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаиъомади тантанавӣ доир гардида, бо иштироки кулли омӯзгорону кормандони соҳаи маориф сурат гирифт. Онро бо суханҳои ифтитоҳӣ мудири шӯъбаи маорифи шаҳр Б.Ҷабборӣ ҳусни оғоз бахшида, аз таҷлили ҳамасолаи Рӯзи омӯзгорон, таваҷҷӯҳи роҳбарияти мамлакат ва шаҳр нисбат ба омӯзгор изҳори андеша намуд.
Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода дар табрикоти самимонаи хеш устод, омӯзгорро чашмаи маърифату адаб, чашму чароғи роҳи ҳаёт ва роҳбалади нуктадони ҳар як шахс арзёбӣ намуда, зикр дошт, ки имрӯз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ба нерӯю қувваи комили зеҳниву тарбиятгарии омӯзгорон такя мекунад ва барои фаъолияти пурсамари онҳо тамоми имкониятҳои мавҷударо равона менамояд.
Раиси шаҳр бо чунин суханҳои самимона кулли омӯзгоронро бо иди касбӣ шодбош гуфта, гурӯҳи калони омӯзгорони фаъол ва собиқадорони соҳаро сарфарозгардонӣ намуд ва барояшон дар вазъияти тантанавӣ сипосномаҳои Раиси шаҳр, Вазорати маориф ва илм, шӯъбаи маорифи шаҳр, Нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим дошт. Дар ҷамъомад чанде аз омӯзгорони ҷавон, собиқадорони соҳа ба сухан баромада, аз таваҷҷӯҳу ғамхориҳои доимии Ҳукумати мамлакат, вилоят ва шаҳр нисбат ба омӯзгор арзи сипосу миннатдорӣ баён намуда, зикр доштанд, ки минбаъд низ барои таълиму тарбияи ҳамаҷонибаи насли наврас, тарбияи онҳо дар руҳияи баланди ватандӯстиву ватандорӣ тамоми қувваю нерӯи хешро равона хоҳанд кард.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?