Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4615695
Сегодня
401
На этой неделе
4595
В этом месяце
10068
Итого
4615695
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

12.04.2016

Мизи мудаввар

Дар бинои филиали ҶСП ТАҚХ «Имон интернешнл» бахшида ба озмуни «Беҳтарин соҳибкори сол» барои гирифтани ҷоизаи «Фараҳ-2016» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар он соҳибкорбонувон аз ҳамаи ҷамоатҳои деҳот ва шаҳр иштирок намуданд. Дар аввал роҳбари тренингҳои касбӣ ва бизнес Муҳаббат Нозимова сухан ронда, шартҳо, марому мақсад ва манфиати озмунро дар пешравии ҳаёти ҷамъиятии занон мусбӣ арзёбӣ намуд. Қайд карда шуд, ки озмуни мазкур бо дастгирии кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, агентии амрикоӣ оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ ва ширкатҳои хусусии кишвар гузаронида мешавад.  Сарпарастии кулли озмунро ҶСП ТАҚХ «Имон интернешнл» ва сарпарасти иттилоотии онро Медиа Холдинг «Азия Плюс» ба ӯҳда дорад. Озмун аз рӯи 6 номинатсия сурат мегирад: соҳаи истеҳсолӣ, хизматрасонӣ, ҳунармандӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ ва тиҷорати нав. Ёдрас шуд, ки барои дар озмун ширкат варзидан аъзои ягон ширкат будан шарт нест. Ҳамаи бонувони аз 21-сола боло метавонанд озодона дар он иштирок намоянд.

Баланд бардоштани фаъолнокии бонувон, ҷалб намудани диққати онҳо ба соҳибкорӣ ва дастгирии ғояҳои нави онҳо, пешниҳоди намунаҳо барои пайравӣ аз маромҳои озмун буда, муайян ва пешбарии занҳои фаъол ва дастгирӣ намудани онҳоро вазифаи хеш гузоштааст.

Ҳамчунин, мудири шӯъбаи кор бо занон ва оила Хуршеда Холматова аз ташкили ин озмун ва барои дастгирии соҳибкорзанон ба созмондиҳандагон озмуни мазкур изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар охир кормандони филиали ҶСП ТАҚХ «Имон интернешнл» бо чанд роҳ тарзи сарфаи даромади оилавиро нишон дода, қайд намуданд, ки сарфакорӣ асоси сармоя аст. Сармоя дар навбати худ асоси оғози кори нав аст. Дар ин мавзӯъ навор аз ҳаёти оилавӣ намоиш дода шуд.

 

Возврат к списку новостей