Посетители
09.04.2016
Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон
Аз санаи 2-юм то 9-уми апрел дар миқёси шаҳр Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор гардида, дар доираи он чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву маърифатӣ дар китобхона-филиалҳо бо иштироки дӯстдорони китобу адабиёт гузаронида шуданд.
Рӯзи аввал ва тантанаи ифтитоҳи фестивал санаи 4-уми апрел дар дохили боғи истироҳатии шаҳр, назди чойхонаи «Дилписанд» бо иштироки аҳли зиё, роғибони шеъру сухан ва хонандагони фаъоли китобхона-филиалҳо сурат гирифт. Дар он намоиши китобҳои тозанашри бачагона, адабиёти хонданбоби назмиву насрӣ, китобҳо оид ба Соли фарди солим пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Рӯзи нахустини Фестивал ба 80-солагии шоири бачаҳо, шоири халқии Тоҷикистон Алӣ Бобоҷон бахшида шуда, дар ин хусус аз ҷониби иштирокдорони Фестивал баромадҳои ҷолиб пешкаш гардид. Дар ҷараёни Фестивал сарвари МТМУ №3 Т.Ғаниев, собиқадори соҳаи маориф Р.Иномӣ дар бораи китобу мутолиа ва ба китобхониву адабиёт ҷалб намудани кӯдакону наврасон ҳарф зада, ба эҷодиёти А.Бобоҷон бахшида шудани рӯзи аввали фестивалро басо муфид арзёбӣ намуд ва хонандагонро ба дӯст доштани китоб, Ватан, хушахлоқиву некрафторӣ ва эҳтироми калонсолон даъват намуданд.
Дар доираи фестивал инчунин дар китобхона-филиали №10 якҷоя бо китобхона-филиали №8 субҳи адабӣ бо хонандагони МТМУ№25 баргузор гардид, ки он ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, таҳти унвони «Месарояд дил суруди шоди Истиқлол» сурат гирифта, зиёда аз 30 нафар тамошобин иштирок намуданд. Дар идомаи фестивал дар китобхона-филиали №4 вохӯрӣ бо корманди тиб Маҳмудова М., намоиши китобӣ ва хулосаи китобшиносӣ бахшида ба Соли фарди солим баргузор гардид. Дар чорабинӣ оид ба пешгирии бемориҳои гуногун, табобати шамолхӯрӣ, бемориҳои рӯдаву меъда, солим нигоҳ доштани ҷисму рӯҳ саволу ҷавобҳо байни табиб ва иштирокдорон гузаронида шуд.
Дар рӯзи шашуми фестивал дар китобхона-филиали №3 бо иштироки хонандагони МТМУ№4 маҳфили адабӣ-бадеии навқаламон бо номи «Китоб калиди илму дониш» баргузор гардида, дар он оид ба нақши китоб дар рушди маънавии инсон, мавқею мартабаи шахси китобхон дар ҷомеа сухан рафта, хонандагон дар ин хусус шеъру суруд ва панду масалҳои ҳикматбор иҷро намуданд.
Дар толори методии бахши фарҳанг маҳфили шеъру сухан бахшида ба 60-cолагии эҷодкори соҳибқалам, шоираи бачаҳо Замира Ҳоҷибоева бо номи «Бачаҳо манбаи илҳоми ман» доир гардид. Дар маҳфил якчанд нафар иштирокдорон, меҳмонон аз шаҳрҳои Исфараву Конибодом, эҷодкор С.Қорихонов, рӯзноманигори маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Тилав Расулзода ва ҳамсабақону устодони шоира оид ба паҳлӯҳои виҷаи шоира сухан намуданд.
Дар доираи фестивал инчунин чорабиниҳои дигари фарҳангӣ, аз ҷумла, маҳфили шеъру cуруд бахшида ба 75-cолагии шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ бо номи «Устоди назми муосир» дар китобхона-филиали №12, сӯҳбат дар доираи «Барномаи шаҳрии маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод» ва масъалаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар китобхонаи №2 баргузор гардиданд, ки дар ҳар яки онҳо оид ба китобу китобхонӣ, ахлоқи накӯи наврасон, тозаву обод нигоҳ доштани маҳаллу кӯча ва шаҳр, ба китобхонаҳо ҷалб намудани хонандагону наврасон баромадҳои ҷолиб сурат гирифта, наврасони соҳибзавқ баромадҳои рангин нишон доданд.
Ҷамъбасти фестивал санаи 9 апрел дар шӯъбаи китобхонаи бачагонаи шаҳр сурат гирифта, он ба 105-солагии Шоири халқии Тоҷикистон М.Турсунзода бахшида, таҳти шиори «Вассофи садоқат ва муҳаббат» доир карда шуд. Дар хотима ба иштирокчиёни беҳтарини фестивал ифтихорномаҳои бахши фарҳанги шаҳр супорида шуд. Ҳамин тавр, фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар шаҳр хеле судманд ва бошукӯҳ доир гардид.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?









