Посетители
05.04.2016
Истифодаи самараноки оби полезӣ
Дар ҷамоати деҳоти Пӯлодон семинар- машварати Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби полезӣ баргузор гардид. Дар семинар муовини аввали раиси шаҳр Б.Ахмедов, сардори Раёсати кишоварзӣ В.Азимов, сардори шӯъбаи истеҳсолоти Сарраёсатаи кишоварзии вилояти Суғд А.Маҳмудов, мутахассисони Раёсати кишоварзии шаҳр ва Ассотсиатсияи истифодабарандгони об, раисони хоҷагиҳои инфиродӣ иштирок намуданд. Муовини раиси шаҳр Бахтиёр Ахмедов семинар-машваратро оғоз намуда, ба иштирокдорон моҳияти самаранок ва оқилона истифода бурдани обро шарҳ дод. Сипас, Сардори федератсияи Ассоситсияи истифодабарандагони оби шаҳр Ҳомидов А. маърӯза намуда, оид ба самаранок истифода бурдани оби полезӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, Канали Калони Фарғона ва дигар иншоотҳои обтаъминкунии шаҳр ибрози ақида кард. Чуноне ки аз маърӯзаи номбурда рӯшан гашт, масъалаи ҳолати мелеоративии заминҳо дар соли 2016 ба 300 гектар нақшабандӣ карда шуда, аз буҷаи маҳаллӣ 150 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Бо мақсади самаранок ва оқилона истифода бурдани оби полезӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пӯлодон ду Ассотсиатияи истифодабарандагони об ташкил карда шудааст. Доир ба масъалаи мазкур роҳбари Ассотсиатсияи истифодабарандгони оби «Сафо-16» низ баромад намуд.
Дар семинар-машварат инчунин перомуни мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, аз ҷумла, малах, омилҳои пайдоиш ва паҳншавии ҳашарот сухан рафт. Оид ба пармача, стараношка ва ширачинӣ маълумот дода шуда, ба иштирокдорон тарзи несту нобуд кардани ҳашароти зараррасон маслиҳатҳо дода шуд.
Семинар судманд сурат гирифта, дар ҳалли масъалаҳои меҳварии соҳаи кишварзӣ пурманфиат буд.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?