Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4615708
Сегодня
414
На этой неделе
4608
В этом месяце
10081
Итого
4615708
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

04.04.2016

Гусели даъватшавандагон

Даврони истиқлолият собит намуд, ки мардуми тоҷик барҳақ ба анъанаҳои пуршарафи артиши миллии хеш ифтихор мекунад ва аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз он нақши кафили амнияти кишвар ва рукни муқими давлатдорӣ будани худро сарбаландона адо менамояд.

Имрӯзҳо дар саросари кишварамон бо Фармони Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъракаи даъвати баҳории ҷавонписарони синну солашон лоиқ ба хизмати ҳарбӣ оғоз ёфтааст.  Дар вазъияти тантанавӣ як зумра фарзандони баору номуси шаҳр, ки бо амри дилу виҷдон ихтиёрона барои хизмати Модар – Ватан ҳозир шуда буданд, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  гуселонида шуданд.

Ба ин муносибат дар назди Майдони Оташи абадӣ бо иштироки шаҳрдорӣ, собиқадорон, фаъолон, намояндагони сохторҳои гуногун, даъватшавандагон ва волидони онҳо ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Ҷамъомад бо маросими гулчанбаргузорӣ ва садо додани суруди миллӣ оғоз ёфт. Комиссари ҳарбии шаҳр Далер Салихов ҷамъомадро ҳусни оғоз бахшид. Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ баромад намуда, ҷавонони сарбаландро ба ин муносибат табрик гуфта, дар ҷодаи хизмат ба Ватан барору комёбиҳо орзу намуд. У изҳори боварӣ намуд, ки фарзандони диёр қарзи шаҳрвандии худро дар назди халқу Ватан садоқатмандона адо намуда, ба зодгоҳ сарбаланд бармегарданд. Сипас, Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Қаҳҳорҷон Ҳасанов, даъватшаванда Қаҳрамон Турсунов ва волидону дигар пайвандони даъватшавандагон баромад  намуданд. Дар назди иштирокдорон сарбозони қисми низомӣ чанд намуд машқҳои ҳарбиро намоиш доданд.

Зери навои садою мусиқӣ даъватшавандагон бо ҳамроҳи волидон то дер шодмонӣ намуданд. Барои онҳо бо иқдоми шаҳрдорӣ дастурхони идона ороста шуд. Ҳамин тавр, маъракаи гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бошукӯҳу хотирмон доир гардид.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей