Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

3710811
Сегодня
29114
На этой неделе
64171
В этом месяце
322772
Итого
3710811
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Навидхо аз сафари кории Пешвои Муаззами Миллат дар шахру нохияхои вилояти Сугд

20.07.2022

Аз нишасти матбуотӣ

20-июл дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нишасти матбуотии рӯзноманигорон бо Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода оид ба ҷамъбасти фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2022 баргузор гардид. Дар он намояндагони васоити ахбори оммаи шаҳру вилоят, аз ҷумла телевизиони "Сафина", телевизиони вилояти Суғд, рӯзноманигорон аз нашрияҳои "Ҷумҳурият", "Садои мардум", "Ҳақиқати Суғд", "Нилуфар", телевизиони "Азия", телевизиони маҳаллии "ТВ-5", рӯзноманигорони нашрияи шаҳрии "Садои Конибодом", кормандон аз рӯзномаи маорифчиёни шаҳр "Анвори маърифат" ва рӯзноманигорони озод иштирок доштанд.
Нахуст Раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода нишасти матбуотиро бо суханҳои ифтитоҳӣ оғоз бахшида, дар мавриди саволу пурсишҳои пешниҳодгардида дар нишасти қаблӣ, ки 7-феврали соли равон доир шуда буд, истода гузашт.
Сипас саволу ҷавобҳо сурат гирифта, журналистон оид ба вазъи оғози корҳои асфалтпӯшкунонӣ дар шоҳроҳи "Конибодом - Хуҷанд", теъдоди корхонаҳои нави саноатӣ, иншооти ҷашнии баистифодадодашуда, таъмини оби полезӣ дар соҳаи кишоварзӣ, таъминот бо таҷҳизоти тиббӣ дар соҳаи тандурустӣ, эҳтиёҷоти кадрӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси мактабу кӯдакистонҳои нав, бо истироҳат фаро гирифтани хонандагону омӯзгорон дар мавсими таътил, заминҳои аз гардиши кишоварзӣ дурмонда ва ғайраҳо пурсон гардида, аз Раиси шаҳр посухҳо гирифтанд.
Қайд карда шуд, ки асфалтпӯшкунонии шоҳроҳи самти Конибодом - Хуҷанд дар арафаи оғозшавӣ буда, аз 2 марҳила иборат аст. Марҳилаи аввал соли равон шурӯъ шуда, як солу ду моҳро дар бар мегирад, ки дар ин марҳила шоҳроҳи Конибодом то деҳаи Маҳрам асфалтпӯш карда мешавад. Марҳилаи 2-юми корҳои мумфаршкунонӣ солҳои 2023-2024 сурат гирифта, аз деҳаи Маҳрам то минтақаи Арқаро фаро мегирад.
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 717-адад иншооти нави ҷашнӣ дар шаҳр ба нақша гирифта шуда, дар соли 2022 бошад, таъсиси 120 иншооти нав дар назар аст. Аз ин теъдод 60-ададаш корхонаҳои саноатӣ ва боқимонда иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ мебошанд. Иншооти ҷашнӣ аз қабили 2-мактаб, 1-кӯдакистон, 3-корхонаи саноатӣ, бинои нави комиҷроияи шаҳрии ҲХДТ, боғи нави истироҳатӣ омодаи баистифодадиҳӣ мебошанд.
Ба саволи рӯзноманигорон оид ба таъминот бо кадрҳо дар соҳаи маорифу тандурустӣ посух дода шуд, ки дар соҳаи маориф 67-нафар эҳтиёҷоти кадрӣ вуҷуд дошта, ҳоло 87-нафар мутахассисони ҷавон баъди хатми муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсуси омӯзгорӣ барои таъминшавӣ бо кор номнавис гардидаанд. Дар соҳаи тандурустӣ 48-нафар эҳтиёҷот ба кадр мавҷуд буда, алҳол 5-нафар донишҷӯён ва хатмкунандагони донишгоҳи тиббӣ дар соҳаи тандурустии шаҳр ба таҷрибаомӯзӣ ҷалб гардида, дар ояндаи наздик ҳамчун мутахассисони ҷавон бо кор фаро гирифта хоҳанд шуд.
Ҳамин тавр аз ҷониби шаҳрдор ба тамоми саволу пурсишҳои пешниҳодгардида посухҳои қонеъкунанда дода шуда, аз ҷониби рӯзноманигорон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ба мардуми саодатманду меҳмоннавози Конибодом барои фароҳамсозии шарту шароитҳои хуби зисту зиндагӣ, талошу кӯшишҳои пайваста дар роҳи ободониву бунёдкориҳои навин дар шаҳр изҳори сипос карда шуд.
Дар нишасти матбуотӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Раҳматов Сайфуллохон Акбарович иштирок дошт.
Нишасти матбуотиро Раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода ҷамъбаст намуда, ба рӯзноманигорон дар пешбурди фаъолият ва саҳмгузорӣ дар тарғибу ташвиқи ғояҳои муҳими давлатдорӣ, таҳкими сулҳу ободӣ, тарғиби сиёсати ободгароёнаи Ҳукумати мамлакат ва ифои сарбаландонаи вазифаҳои хизматиашон барор хост.
Нет описания фото.Возможно, это изображение 2 человека, люди сидят и люди стоятВозможно, это изображение 5 человек, люди сидят и люди стоятВозможно, это изображение 10 человек, люди сидят, люди стоят и в помещенииВозможно, это изображение 2 человека, люди сидят и люди стоятВозможно, это изображение 8 человек, люди сидят и люди стоятВозможно, это изображение 5 человек и люди сидятВозможно, это изображение 5 человек и люди стоятВозможно, это изображение 8 человек, люди сидят, люди стоят и в помещенииВозможно, это изображение 6 человек, люди сидят и люди стоятВозможно, это изображение 6 человек, люди сидят, люди стоят и в помещенииВозможно, это изображение 8 человек, люди сидят, люди стоят и в помещенииВозможно, это изображение 8 человек, люди сидят и люди стоят
Возможно, это изображение 3 человека, люди сидят и люди стоятВозможно, это изображение 3 человека, люди сидят и люди стоят
Возврат к списку новостей