Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

3710794
Сегодня
29098
На этой неделе
64153
В этом месяце
322754
Итого
3710794
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Навидхо аз сафари кории Пешвои Муаззами Миллат дар шахру нохияхои вилояти Сугд

13.07.2022

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби Нишон гардид

Бо мақсади тақвияти фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии он дар дохил ва хориҷи кишвар дар асоси қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2022, №283 Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамз ва муаррификунандаи Маҷлиси миллӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба ҳисоб рафта, хусусиятҳои хоси фаъолият ва мақсаду мароми онро ифода менамояд.
Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даврашакл буда, ранги хокистарӣ дорад ва дар дохили давра сутуни заррин ҷойгир шуда, дар он Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир ёфтааст. Дар болои сутун ҳамчун рамзи адолат тарозуи дупалладори заррин ва болотар аз он устувонаи Куруши Кабир чун рамзи аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар ва қадимӣ будани фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии ниёгон ҷой гирифтааст. Дар атрофи сутун шохаҳои дарахти ғор ҳамчун рамзи пойдории қонуният бо ранги зарҳалӣ тасвир ёфтаанд. Даври нишон бо хати кабуди баланд тасвир ёфта, бо ранги сафед дар қисмати болоии он «МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ва дар поёни он «МАҶЛИСИ МИЛЛӢ» навишта шуда, бо ду сенуқта аз ҳам ҷудо карда шудаанд.
Тибқи Низомнома дар бораи Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони расмӣ буда, ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доштани онро нишон медиҳад.
Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё тасвири он дар воситаҳои нақлиёти хизматӣ, либоси хизматӣ, нишони хизматию сарисинагӣ, ашёи номӣ, таҷҳизоту ҳуҷҷатҳои хизматӣ, муҳрҳо (ба ғайр аз муҳри асосӣ бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон), инчунин дар биною иншооти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир ва насб карда мешавад.
Возврат к списку новостей