Посетители
3710786
Сегодня
29090
На этой неделе
64145
В этом месяце
322746
Итого
3710786
18.07.2022
Машварати кории кишоварзон
Дирӯз гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо роҳбарии муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо ба шаҳрамон ташриф оварда, аз ҷараёни корҳои саҳроӣ дидан намуданд.
Гурӯҳи корӣ дар тамоми хоҷагиҳои кишоварзии ҳудуди ҷамоатҳои деҳот шуда, бо вазъи нашъунамои пахта, кишти такрорӣ, агротехника, додани озуқаи замин, култиватсия ва дигар масъалаҳои кишоварзӣ шинос шуданд.
Баъди боздид аз хоҷагиҳои кишоварзӣ бо иштироки мутахассисони соҳа, деҳқонон ва роҳбарони хоҷагиҳо дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр машварати ҷамбастӣ доир гардид. Тибқи ахбороти мутахассисон дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо ва захираи нуриҳои минералӣ ҷамъбаст гардида, нақшаи кишти такрорӣ дар арафаи иҷро аст.
Баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба афзоиш додани масоҳати кишти такрорӣ, гардиши хона ба хона ҷиҳати самаранок истифода бурдани замин ва руёнидани ду - се ҳосил аз як замин ба масъулин вазифаҳои мушаххас дода шуд. Раёсати беҳдошти замин ва обёрии шаҳр вазифадор гардид, ки тоза намудани заҳбурҳои деҳаи Файзборро идома диҳанд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар аксари минтақаҳо сарчинии пахта оғоз гардида, ниҳолҳои пахта то 10 - 12 кўрак дорад, ки ин ҳолати нашъунамо саривақт обрасонӣ ва нигоҳубини махсусро тақозо дорад. Бо назардошти ин вазъ ба деҳқонон бобати нигоҳубини пахтазор тавсияҳои судманд пешниҳод гардид.
Дар анҷоми ҷаласа барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва вусъат бахшидани корҳои минбаъдаи саҳроӣ супоришҳо дода шуд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?