Посетители
4218924
Сегодня
68
На этой неделе
2598
В этом месяце
5145
Итого
4218924
08.07.2022
Паёми табрикии Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тўхтасунзода ба муносибати иди саиди қурбон
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
9 июл яке аз идҳои бузурги мусалмонон – Иди Қурбон ҷашн гирифта мешавад. Ба муносибати ин иди саиди суннатӣ тамоми сокинони шаҳри бостониро самимона табрик гуфта, бароятон саломативу саодатмандӣ, рўзгори ободу пурфайз ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Тавассути сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ кишварамон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, амалҳои созандагӣ ва бунёдкории мардум ҳамарўза вусъат меёбад.
Мардуми сарбаланди шаҳрамон имрўзҳо ба истиқболи 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дасту дили пок ба хотири ободии диёр ҳалол заҳмат мекашанд.
Иди Қурбон аз ҷумлаи арзишҳои муқаддаси суннатии мардуми мусалмони мо буда, одамонро ба корҳои хайру саховат ва амалҳои нек ҳидоят менамояд. Ин амалҳои хайр дар навбати худ ба пойдории сулҳу суботи кишвар, оромиву осоиши ҷомеа ва таҳкими Ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардум мусоидат менамояд. Ин иди муборак бо ҳамин хусусиятҳои неку инсондўстонааш байни мардуми шарифи Тоҷикистон ва дигар мусалмонони дунё мақоми арзишманд дорад.
Ҷавҳари асосии Иди Қурбонро талқини арзишҳои инсонӣ, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу табор, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру эҳсон ба ятимону маъюбон, дармондагону ниёзмандон ташкил медиҳанд.
Сокинони шаҳрамон бо шукргузорӣ аз даврони Истиқлол, фазои сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ ба амалҳои хайру савоб эътибори бештар медиҳанд ва бо ин иқдоми худ сазовори аҷри зиёд мегарданд. Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо бояд бо кору кирдори неку саховатмандона, илму маърифати баланд, ҷавонмардиву хайрхоҳӣ ва ахлоқи ҳамидаи худ намунаи ибрат бошем ва барои рушди ҷомеаи пешрафтаву солим саъю талош намоем. Дар ин раванд мо бояд тамоми қувваю қудрат ва маҳорати худро ба амалҳои созандагӣ, таҳкими Истиқлолу давлатдории миллӣ равона намуда, насли наврасро дар рӯҳияи дўстию бародарӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандўстӣ, омўхтани илму фарҳанг ва хислатҳои наҷибу ҳамидаи инсонӣ тарбия кунем. Ин вазифаи ҳар фарди ҷомеа мебошад.
Боварӣ дорам, ки мардуми меҳнатқарини шаҳрамон, алалхусус ҷавонони мо дар пайравӣ ба анъанаҳои неки ниёгонамон бештар ба омўзиши илму маърифат ва аз худ кардани касбу шунар рў оварда, дар ободии Ватани маҳбубамон ва таҳкими мақому обрўйи он саҳми арзанда мегузоранд.
Бори дигар фарорасии Иди саиди Қурбонро ба ҳамаи Шумо, ҳамдиёрони арҷманд табрик гуфта, бароятон хонаободиву сарбаландӣ, тандурустиву фарохдастӣ ва саодати рўзгор орзу дорам.
Иди саиди Қурбон муборак, ҳамдиёрони азиз!
Бо эҳтиром,
Раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?