Посетители
02.04.2016
Тарбияи фарди солим
Бахшида ба соли фарди солим дар коллеҷи омӯзгории шаҳр ба номи Мирзо Турсунзода чорабинии хотирмон баргузор гардид. Чорабиниро сарвари муассиса Мавҷуда Турсунова ҳусни оғоз бахшида, ба як гурӯҳ устодони коллеҷ мукофотҳои давлатӣ тақдим намуд. Аз ҷумла, барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон ва пурмаҳсул ба омӯзгорон Зебохон Неъматова, Абдуқаҳҳор Нурматов, Саврихон Турсунова нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба омӯзгорон Роҳатҷон Қурбонова ва Назокат Рустамова Ифтихорномаи Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Сипас, донишҷӯёни коллеҷ дар мавзӯи «Фарди солим кист ва чӣ гуна бояд тарбия кард?» бо барномаи махсусу ҷолиб баромад намуданд. Омӯзгорони оянда тарзи табобати бемориҳоро бо усулҳои гуногуни ғайриоддии муолиҷа, аз қабили библиотерапия – муолиҷа ба воситаи китоб, тансотерапия – муолиҷа бо рақс, гелеотерапия- муолиҷа бо хандаву хушҳолӣ ба иштирокдорон пешниҳод намуданд. Ҳамчунин, дар чорабинӣ оид ба «Бемории сил ва роҳҳои пешгириву табобати он» маълумот дода шуда, табобати онро аз нигоҳи педагогӣ шарҳ дода шуд. Донишҷӯён бо қироати суруду иҷрои рақсҳои ҷаззоб, саҳнаҳои ҳаҷвӣ аз нигоҳи илмӣ исбот намуда тавонистанд, ки бо таъсири ханда, шунидани оҳангҳои дилнишин, истироҳати бофароғат дар оғӯши табиат ва мутолиа низ бемориҳоро муолиҷа намудан мумкин аст. Баромадкунандагон тавассути баромадҳои рангин ба тамошобинон ёдрас намуданд, ки ба ҷомеа фарди солим зарур аст ва солимии ҳар шахс дар дасти худи ӯст. Дар баробари ин, дар ҳифзи солимии ҷомеа на танҳо табибон, балки тамоми қишри ҷомеа тарбиятдиҳандагон низ масъуланд, зеро маънавиёти ҷомеа аз муаллим воастагӣ дорад.
Ҳамин тавр, чорабинӣ ниҳоят дар сатҳи баланд ва судманд анҷом пазируфта, бо гуногунрангии хеш дар хотири иштирокдорон нақш баст. Дар хотима меҳмонон ба ташкилкунандагони чорабинии мазкур арзи миннатдорӣ намуданд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?