Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

3710268
Сегодня
28573
На этой неделе
63628
В этом месяце
322229
Итого
3710268
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Навидхо аз сафари кории Пешвои Муаззами Миллат дар шахру нохияхои вилояти Сугд

29.06.2022

Ваҳдатат поянда бодо, эй Ватан!

Васфи ваҳдату осудагии сарзамин, тинҷиву ободии ватани азизамон Тоҷикистон ва ҳарфи шукронаи шукуфоии кишвари маҳбубамон вирди забони пиру барност. Ба муносибати 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҷамоати деҳоти Пӯлодон чорабинии идона баргузор гардид. Чорабиниро и.в.Раиси ҷамоати деҳоти Пӯлодон Фирдавс Бахтиёрзода бо суханҳои ифтитоҳӣ оғоз бахшида, роҷеъ ба сулҳи ҷовидонаи тоҷикон, саҳми роҳбари давлат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу оромии Тоҷикистон ибрози назар намуд.
Дар чорабинӣ Муовини Раиси шаҳр Зарринахон Ғафурзода иштирок дошта, кулли сокинони ҷамоатро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош гуфт ва паёми табрикотии Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзодаро ба самъи ҳозирин расонид.
Баромади Раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Н.Ғаниев, суханрониҳои худи фаъолони ҷамоат аз Истиқлолу ободӣ, сулҳу Ваҳдат, шукуфоии диёр ва дӯст доштани Ватан иборат гардида, шодиву сурури бошандагони ҷамоат дар ин рӯзи идона то дер давом кард.
Возврат к списку новостей