Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

3710246
Сегодня
28550
На этой неделе
63606
В этом месяце
322207
Итого
3710246
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Навидхо аз сафари кории Пешвои Муаззами Миллат дар шахру нохияхои вилояти Сугд

27.06.2022

Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ

27-июн дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун санаи саодату ҳамдилӣ, ваҳдату иттиҳоди миллӣ бо ҳарфҳои заррин навишта шуда, 25-сол аст, ки дар фазои ободу осоиштаи ватан мутантан таҷлил мегардад. Ба ин муносибат имрӯз дар Қасри фарҳанги шаҳр ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардида, сокинони шаҳрамон бо чеҳраи шоду шукргузорӣ аз тинҷиву фаровонии диёр ин рӯзи таърихиро истиқбол намуданд. Дар ҳудуди ҷашнгоҳ аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳои кишоварзӣ, мактабу кӯдакистон, кормандони тиббу маориф, ҷамоатҳои деҳот намоиши ҳунарҳо ва маҳсули эҷодии сокинон пешкаши иштирокдорони чорабинӣ гардонида шуд. Варзишгарону кӯдакон бо баромадҳои идона табъи ҳозирин ва меҳмононро болида доштанд.
Сипас ҷамъомади тантанавӣ бо садо додани суруди миллӣ шурӯъ шуда, нахуст Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода сокинони шаҳрро бо ҷашни фархундаи таърихӣ - Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош гуфт. Раиси шаҳр дар суханронии хеш аз роҳҳои пурмашаққати тайнамудаи миллати тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои ваҳдатофари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба Ваҳдату суботи ҷовидонӣ ёдовар гардида, қайд кард, ки дар меҳвари асосии ин Ваҳдату сулҳи сартосарӣ фарзанди сарсупурдаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, ки бо талошу ҷонфидоиҳои садоқатмандона ба кишвар ва халқи мамлакат сулҳ оварданд.
Дар ҷамъомади идона намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода иштирок ва суханронӣ намуда, паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.
Баъдан ба чанд нафар фаъолон аз тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, ки дар кору фаъолияташон ба дастовардҳои арзанда ноил гардидаанд, Сипосномаи Раиси шаҳр тақдим гардид.
Дар анҷом барномаи рангини консертии аҳли ҳунар иборат аз суруду таронаҳои пурифтихори ватандӯстона дар васфи Ваҳдату осоиштагии сарзамин пешкаши аҳли толор гардонида шуд.
Возврат к списку новостей