Посетители
2757119
Сегодня
17495
На этой неделе
59450
В этом месяце
60308
Итого
2757119
23.06.2022
Қадршиносии хонандагони болаёқат
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрии Раиси шаҳри Конибодом бо хонандагони болаёқати шаҳр ва ғолибони олимпиадаҳои шаҳриву вилоятиву ҷумҳуриявӣ баргузор гардида, гирандагони ҷойҳои ифтихории олимпиадаҳои фаннӣ ва омӯзгорони онҳо қадршиносӣ карда шуданд.
Ҷамъомадро мудири шӯъбаи маорифи шаҳр Б.Ҷабборӣ ҳусни оғоз бахшида, зикр дошт, ки муваффақияту эътибори ҳар шахс дар илму маърифатнокии ӯст ва ширкати муваффақона дар олимпиадаҳои фаннӣ кафили комёбиҳои минбаъдаи толибилмон аст.
Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода дар суханронии хеш аз дастовардҳои шоёни хонандагони болаёқати шаҳрамон изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр дошт, ки ин муваффақиятҳои шигирдон аз меҳнату заҳмати пайвастаи устодону омӯзгорон аст. Шаҳрдор ҳар яки ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ ва омӯзгорони онҳоро бо гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ муборакбод намуда, барояшон дар вазъияти тантанавӣ медалу ифтихорнома ва мукофотпулӣ тақдим дошт.
Дар соли хониши 2021-2022 толибилмони шаҳрамон дар олимпиадаҳои сатҳи гуногун иштирок карда, 61-нафар ба гирифтани ҷойҳои 1, 2, 3 ва ифтихорномаҳо мушарраф гардиданд. 5-нафар хонандагони шаҳрамон бо медали тилло, 19-нафар нуқра, 30-нафар биринҷӣ ва 7-нафар барои иштироки фаъолона бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Дар ҷамъомад ба 32-нафар омӯзгороне, ки шогирдонашон ғолибият ба даст овардаанд, сипосномаи Раиси шаҳр супорида шуд.
Дар ҷамъомад хонандаи фаъоли МТМУ 24, дорандаи медали нуқра аз фанни забони давлатӣ Дилдора Баротова аз номи кулли хонандагон барои қадршиносӣ ва таваҷҷӯҳи ҳамешагӣ ба Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр изҳори сипос намуд.
Дар анҷом Раиси шаҳр ба хонандагон музаффариятҳои боз ҳам баландтарро орзу карда, онҳоро ба дӯст доштани ватан ва хизмати садоқатмандона ба халқу диёр ҳидоят намуд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?