Посетители
2757010
Сегодня
17386
На этой неделе
59341
В этом месяце
60198
Итого
2757010
16.06.2022
Адибони ваҳдатсаро дар шаҳри мо
Ҳайати адибони ваҳдатсаро, ки аз маркази вилоятамон шаҳри Хуҷанд ҷиҳати гузаронидани мулоқоту вохӯриҳо бо сокинон ба шаҳрамон ташриф овардаанд. Нахуст меҳмонон аз сехи дӯзандагии соҳибкор Ирода Эрматова дидан карда, ба ҳунари дӯзандагии бонувон баҳои баланд доданд.
Баъдан вохӯрии адибони ваҳдатсаро бо сокинон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ аҳли адабу фарҳанги шаҳрмон, фаъолони ҷамоати деҳоти Патар иштирок доштанд.
Ҳамоиши пур аз шеъру адабро муовини Раиси шаҳр Зарринахон Ғафурзода ҳусни оғоз бахшида, аз номи Раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода адибони хушқаламро ба шаҳрамон шодбош гуфт. Вохӯрӣ ба ҷашни фархундаи дарпешистодаи 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир шуда, баромадкунандагон нахуст дар мавриди тинҷиву ободии ватан, саҳми Пешвои миллат дар ноилшавӣ ба ваҳдати сартосарӣ, расидан ба қадри ваҳдату ободии сарзамин ибрози андеша намуданд. Сипас адибон аз шеърҳои эҷоднамудаашон қироат намуда, хотири ҳозиринро болида доштанд.
Муовини озоди Раиси шӯрои шаҳрии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ваВ эҳёи Тоҷикистон Замирахон Ашурматзода ва иштирокдорон аз ин маҳфили фарҳангӣ ва шеърҳои ноб ба меҳмонон изҳори сипос намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои зебои шеъру эҷоду адаб хотирмон сурат гирифт.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?