Посетители
2756329
Сегодня
16706
На этой неделе
58661
В этом месяце
59518
Итого
2756329
15.05.2022
Шоми ҷавонӣ
Бо ибтикори бахши ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 10-рӯзаи ҷавонӣ эълон карда шуда, дар доираи он чорабиниҳои гуногуни варзишиву фарҳангӣ, баргузории конфронсу ҳамоишҳои гуногун бо иштироки ҷавонон ҷараён дорад.
Аз ҷумла шурӯъ аз 13-май ҳар шом дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот барномаҳои консертӣ таҳти унвони "Шоми ҷавонӣ" доир шуда истодааст, ки дар он консерти ҳунармандони ҷавону боистеъдод пешкаши сокинон ва ҷавонон гардонида мешавад. "Шоми ҷавонӣ" аз ҷамоати деҳоти Пӯлодон оғоз гардида, шоми 13-май дар маҳаллаи Зарбед сурат гирифт. Суруду оҳангҳои аҳли ҳунар ва рақсу сурури бошандагони ҷамоат то дер идома ёфт.
Ҳамчунин шоми 14-май дар ҷамоати деҳоти Фирӯзоба низ барномаи консертии " Шоми ҷавонӣ" бо иштироки васеи сокинон баргузор гардида, баромадҳои рангини ҷавонон, созу сурудҳои дилнишин табъи ҳозиринро болида дошт.
Дар ҳарду маҳфилҳои фарҳангӣ муовини Раиси шаҳр Зарринахон Ғафурзода иштирок ва суханронӣ намуда, ҷавононро аз номи Раиси шаҳр бо фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо орзуҳои неку самимӣ шодбош гуфт. Ҳамчунин мудири шӯъбаи маорифи шаҳр, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б.Ҷабборӣ, мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳр Ф.Абдуҷабборов дар суханрониҳояшон ҷавононро қуваи боэътимоди давлату миллат ва фардои дурахшони кишвари соҳибистиқлол унвон карда, онҳоро ҳамчун пайравони содиқи Пешвои миллат ба дӯст доштани Ватан ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти кишвари азизамон даъват намуданд.
Барномаҳои консертии "Шоми ҷавонӣ" дар фазои тарабу шодмонӣ ва воқеан ҳам пур аз ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ гузаронида шуда, шоми 15-май дар ҷамоати деҳоти Ҳамробоев, 16-май дар ҷамоати деҳоти Патар давом мекунад.
Марҳамат ба "Шоми ҷавонӣ"!

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?