Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4192417
Сегодня
109
На этой неделе
279
В этом месяце
2697
Итого
4192417
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

14.05.2022

Паёми шодбошии Раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Абдусалом Тӯхтасунзода бахшида ба Рӯзи оила

Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамасола бо қарори Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид санаи 15 - уми май дар тамоми дунё ҳамчун Рӯзи байналхалқии оила ҷашн гирифта мешавад.
Дар Тоҷикистони азизи мо низ бо мақсади тарғибу ташвиқи анъанаҳои неки оиладорӣ, ҷалб намудани диққати аҳли ҷомеа ба оила ва муаммоҳои он, андешидани чораву тадбирҳои судманд баҳри пойдориву устуворӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои он ин санаи муҳим басо хотирмон таҷлил карда мешавад.
Изозат фармоед, ба ин муносибат ҳамаи шумо, - ҳамшаҳриёни гиромиро самимона муборакбод намуда, ба ҳар як хонавода пеш аз ҳама пойдорӣ, меҳру садоқат ва рӯзгори ободу осоишта орзу намоям.
Тавре ки равшан аст, мақоми оила ҳамчун асоси ҷомеа ва устувории авлоди инсоният чун омили муҳими рушду нумӯъ эътироф гардида, баҳри пешрафти ҳаёт ҳамаҷониба мусоидат менамояд ва бешубҳа, оилаи солим сарчашмаи ҷомеаи солиму бомаърифат ва пешрафта мебошад.
Масъалаи рушду устувории оила, тақвияти мақоми иҷтимоии он аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар ин ҷода ҳадафу барномаҳои мушаххас амалӣ гардонида мешаванд.
Боиси қаноатмандист, ки аксари оилаҳои мо дар фазои якдигарфаҳмӣ, меҳру садоқат ва дӯстиву рафоқат бунёд ёфтаанд. Онҳо фарзандони ҷисману маънаван солимро тарбия намуда, ба камол мерасонанд ва умед бар он дорем, ки чунин оилаҳо дар ташаккул ва тарбияи насли ояндасози ҷомеа ва ба ин васила дар таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоламон саҳми сазовор мегузоранд.
Таҳкими пояҳои оила, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкамиву устувории хусусан, оилаҳои ҷавон айни ҳол, аз ҳамаи мову шумо, масъулин ва аҳли ҷомеа таваҷҷӯҳи бештар ва андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо дорад.
Зеро хонаводаи аҳлу тифоқ баҳри пешрафти ҳаёт ҳамаҷониба мусоидат менамояд ва оилаи солим сарчашмаи ҷомеаи солиму бомаърифат ва пешрафта мебошад.
Изҳори бовариву эътимод менамоем, ки тамоми фаъолон, собиқадорон, бонувони пешқадам ва оилаҳои барӯманди шаҳрамон таҷрибаи бою назарраси зиндагидории хешро боз ҳам беҳтару васеътар ба насли ҷавон омӯзонида, дар тарғибу ташвиқи анъанаҳои неки оиладории шарқиёна саҳми арзандаи хешро мегузоранд ва баҳри гиромидошти ин муқаддасот тамоми маҳорату малакаи хешро равона месозанд.
Дар ниҳоят, бори дигар, кулли сокинони диёрро ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила самимона табрику муборакбод намуда, бароятон пеш аз ҳама тани сиҳату хотири ҷамъ, хонаи обод ва сарсабзиву шукуфоӣ таманно менамоям.
Бигзор, ҳамеша чароғи хонадонатон фурӯзону қалбҳоятон гарму равшан бошад.
Ид муборак, ҳамдиёрони арҷманд!
Бо эҳтиром, Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода
Возврат к списку новостей