Посетители
1720593
Сегодня
28669
На этой неделе
186370
В этом месяце
540991
Итого
1720593
12.05.2022
Таҷлили Рӯзи Шашмақом
Дар толори Қасри фарҳанги "Бодом" барномаи консертии ансамбли Шашмақоми шаҳри Конибодом бахшида ба Рӯзи Шашмақом баргузор гардид. Дар оғози барнома муовини Раиси шаҳр З.Ғафурзода аҳли ҳунар ва дӯстдорони ин санъати асилро бо Рӯзи Шашмақом, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола санаи 12-май таҷлил мегардад, аз номи Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода шодбош гуфта, паёми табрикии Раиси шаҳрро самъи ҳозирин расонид. Қайд карда шуд, ки ансамбли шашмақоми шаҳр бо заҳмату талошҳои иддае аз нафарони фарҳангдӯсту зиёии шаҳр, ба монанди мудири ҳамонвақтаи шӯъбаи фарҳанг Нӯъмонҷон Раҳимҷонов ва марди ҳунар Муҳаммадхон Маҳмудов таъсис ёфта, зиёда аз 40 сол инҷониб фаъолият дорад. Аъзоёни ансамбл дар ҳамаи чорабиниҳои идонаи шаҳр бо барномаҳои рангини ҳунарии хеш баромад карда, баҳри рушди маънавии сокинон саҳм мегузоранд.
Сипас барномаи ҳунарии ансамбл пешкаш гардида, савту суруди шашмақом аз ҷониби ҳунармандон садо дод.
Дар ҷараёни консерти идона ҳунармандони ансамбл бо сипосномаи Раиси шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?