Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1720488
Сегодня
28565
На этой неделе
186264
В этом месяце
540885
Итого
1720488
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

09.05.2022

Таҷлили Рӯзи Ғалаба

Дар шаҳри Конибодом 77-умин солгарди Рӯзи Ғалаба бо тантана ва шукӯҳи хоса таҷлил гардид. Нахуст бо иштироки Раиси шаҳри Конибодом, ҷанговарони байналмилал ва меҳмонони чорабинӣ гулчанбаргузорӣ ба пояи муҷассамаи шаҳидони ҷанг сурат гирифта, аз сарбозони шаҳидгаштаи ҷанг ёд карда шуд.
Сипас, дар назди майдони шоҳ Исмоили Сомонӣ ҷамъомади тантанавӣ доир гардида, дар оғоз Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода иштирокчиёну собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнати ақибгоҳ, ҷанговарони байналмилал ва кулли ҳамдиёронро бо солгарди навбатии Рӯзи Ғалаба табрик гуфт.
Дар чорабинии идонаи шаҳрамон муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ иштирок ва суханронӣ намуда, паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба мардуми шаҳри Конибодом расонида, ҳар яки онҳоро бо ин иди ҷавонмардиву шуҷоат шодбош гуфт.
Раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Наимҷон Ғаниев дар табрикоти хеш саҳми кулли падарони ҷанговар, собиқадорон, ҷанговарони байналмилал ва фидокорони ақибгоҳро дар таъмини ин Ғалаба ва ҳифзи Ватан махсус таъкид дошт.
Зимни чорабинӣ ба 8-нафар иштирокчиёни барқароркунандагони сохти конститутсионии шаҳр Медалҳои ҷашнӣ бахшида ба 77-умин солгарди Рузи Ғалаба, ки аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии " Единство"-и шаҳри Москва таъсис дода шудааст, супорида шуд. Ҳамчунин ба 1-нафар собиқадори меҳнати ақибгоҳ мукофотпулиҳои Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳр тақдим гардид.
Барномаи фарҳангии аҳли ҳунари шаҳр ба тантана шукӯҳи идона бахшид.
Инчунин имрӯз бахшида ба Рӯзи Ғалаба 2-нафар собиқадорони меҳнати ақибгоҳ, ки дар солҳои ҷанг фидокориҳо нишон додаанд, аз ҷониби Раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ аёдат карда шуда, барояшон ҳадяҳои идона супорида шуд.
Ҷашни шукӯҳманди 77-солагии Рӯзи Ғалаба дар шаҳрамон бо шукӯҳи хоса ва арҷгузории заҳмату ҷонфидоиҳои ҷанговарони қаҳрамон хотирмон таҷлил карда шуд.
Возможно, это изображение 4 человека и люди стоятВозможно, это изображение 9 человек и люди стоятВозможно, это изображение 10 человек, люди стоят, военная форма, памятник и на открытом воздухеВозможно, это изображение 12 человек, люди стоят и на открытом воздухеВозможно, это изображение 1 человек и цветокВозможно, это изображение 2 человека, люди сидят, люди стоят, цветок и в помещенииВозможно, это изображение 13 человек, люди стоят, на открытом воздухе и текст «ист»Возможно, это изображение 3 человека, люди стоят и на открытом воздухеВозможно, это изображение 5 человек и люди стоятВозможно, это изображение 13 человек, люди стоят и на открытом воздухеВозможно, это изображение 10 человек, люди стоят и люди сидятВозможно, это изображение 9 человек, люди стоят и на открытом воздухеВозможно, это изображение 2 человека и люди стоятВозможно, это изображение 1 человек, стоит и на открытом воздухеВозможно, это изображение 3 человека и люди стоятВозможно, это изображение 3 человека и люди стоятВозможно, это изображение 5 человек, люди стоят и на открытом воздухеВозможно, это изображение 3 человека и люди стоятВозможно, это изображение 2 человека и люди стоятВозможно, это изображение 3 человека, люди стоят и текст «тиклоли точики фархунда бод! KORG "ли ралаба муборак, идиёрони азиз! 41 1945 IHINOS»Возможно, это изображение 2 человека и люди стоятВозможно, это изображение 3 человека и люди стоятВозможно, это изображение стоит и на открытом воздухеВозможно, это изображение 3 человека и люди стоят
Возможно, это изображение 4 человека, люди стоят и военная форма
Возврат к списку новостей