Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1720453
Сегодня
28531
На этой неделе
186230
В этом месяце
540851
Итого
1720453
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

08.05.2022

Паёми табрикии Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба муносибати 77-солагии Рӯзи Ғалаба

Ҳамдиёрони азиз!
Мӯҳтарам собиқадорони ҷанг ва фидокорони меҳнати ақибгоҳ!
Имрӯзҳо дар баробари тамоми давлатҳои сулҳдӯсту сулҳпарвари ҷаҳон мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷашни хотирмону пуршукӯҳи 77-солагии Рӯзи Ғалабаи мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизми Германияро бо шукргузорӣ аз оромиву сулҳу субот ва ваҳдати комил ботантана таҷлил менамоянд. Ба ин муносибат ҳамаи шумоён - сокинони сарбаланди шаҳрро самимона табрику таҳният гуфта, баҳратон саломатии бардавом, саодату нусрати хонаводагӣ ва барору комёбиҳо таманно дорам.
Санаи 9 – уми май барои мардуми мо азизу мӯътабар мебошад, зеро барои ба даст овардани музаффарият падарону бобоёни мо дар майдони набард қаҳрамонию диловарии бемисл нишон дода, барои насли имрӯзу ояндаи миллат оромӣ ва сулҳу суботро пойдор гардонидаанд.
Боиси таъкид аст, ки корнома ва далерию матонати падарону бобоёни қаҳрамони мо дар бузургтарин фоҷеаи қарни бистум, ки дар таърих бо номи Ҷанги Бузурги Ватанӣ сабт гардидааст, бемислу монанд буда, онҳо чун аксари халқҳои озодихоҳу сулҳдӯст бар зидди душмани ғаддор дар якҷоягӣ ва муттаҳидӣ муборизаи беамон бурда, ғалабаи комил ба даст оварданд.
Воқеан ҳам, дар он рӯзҳои мудҳиши ҷанг барои таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари дигар халқияту миллатҳо ҷавонмардони шуҷои Тоҷикистон низ саҳми сазовор гузаштаанд. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ҷанг Тоҷикистон ҳамаи захираву имкониятҳо ва фарзандони далеру матиниродаи худро ба майдони набард сафарбар намуд. Беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар ҷангҳои шадид ҷасорату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо дар арсаи ҷанг ба ҳалокат расидаанд, ки номи неку корномаҳои онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст.
Аз шаҳри Конибодом низ барои ҳифзи Ватан зиёда аз шаш ҳазор нафар ҷавонмардони диловар бо амри дилу виҷдон ба ҷанг рафта, аз онҳо танҳо ду ҳазору сесад нафарашон бо ғалаба ба зодгоҳ баргаштанд. Ва ифтихор дорем, ки ҳоло 2 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ – Бурҳон Бердиев аз деҳаи Диловарон ва Абдуваҳҳоб Махкамов аз деҳаи Ниёзбек дар қайди ҳаётанду раҳнамою ҳидоятгар ва гули сари сабади мардуми Канди бостонанд.
Заҳмату корнамоӣ ва қаҳрамониҳои падарону бобоён барои наслҳои имрӯзу фардо ҳамчун намунаи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ ва ибрату ифтихор боқӣ хоҳад монд.
Ба ин маънӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба талошу ҷонфидоиҳои ҷавонмардони бонангу номус ва нақши фарзандони ҷасуру далери Ватан, ки дар солҳои ҷанг ба хотири сулҳу оромӣ сина сипар намудаанд, чунин таъкид доштаанд: «Ғалабаи беназири падару бобоён бар ивази корнамоиҳои бемислу монанд, ҷасорату далерӣ, шуҷоату мардонагӣ ба даст омада, самараи дӯстии халқҳо ва муборизаи муштараки онҳо мебошад, ки дар саҳифаҳои таърих ҳамчун Иди зафар нақш бастааст».
Эҳтироми хотираи фарзандони шуҷои Ватан ва қадршиносӣ дар ҳаққи онҳое, ки барои ҳимояи марзу бум ҷони азизи хешро ба гарав ниҳода, зиндагии осудаи наслҳои имрӯзу ояндаи халқамонро фароҳам овардаанд, вазифаи инсонии ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа буда, насли имрӯзро мебояд барои анҷом додани хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом тибқи дастуру супоришҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамеша бо ғамхориҳои доимӣ фаро мегирад.
Бори дигар, Шумоён - собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, фидокорони меҳнати ақибгоҳ ва тамоми ҳамшаьриёни азизро ба муносибати ҷашни бузурги таърихӣ – 77 – солагии Иди Ғалаба сидқан шодбошӣ намуда, баҳратон тансиҳатӣ, рӯзгори ободу осуда ва хушиҳои зиндагиро таманно менамоям ва итминони комил дорам, ки кору пайкор ва хизматҳои шарафмандонаи Шумо барои насли имрӯзу фардо чун намунаи барҷастаи фидокориву садоқатмандӣ ҷовидон хоҳад монд.
Бигзор, дар фазои Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу амонӣ пойдор ва зиндагии шоиста дар ҳар як хонадон ҷовидона бод.
Иди Ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!
Бо эҳтиром,
Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода
Возврат к списку новостей