Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1723566
Сегодня
31644
На этой неделе
189343
В этом месяце
543964
Итого
1723566
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

08.05.2022

Ёди табиби ҷанговар

Дар доираи ҳафтаи поси хотир бахшида ба 77-солагии Рӯзи Ғалаба дар ташкилоту муассисаҳо, коллеҷу литсейҳо, ҷамоатҳои деҳот, муассисаҳои таълимӣ ҷамъомадҳои идона баргузор гардида, аз корнамоиҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҷанговарони диловар ёд карда мешавад.
"Ҳафтаи поси хотир", ки дар соҳаи тандурустии шаҳр доир гардид, ба ёдбуди иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, табиб - ҷарроҳи шинохта Комил Тоҷиев бахшида шуд. Ҷамъомадро собиқадори соҳаи тандурустӣ Ф.Садриддинова ҳусни оғоз бахшида, нахуст дар бораи қаҳрамониҳои падару бобоёни ҷанговар, саҳми муҳофизони шуҷоъ, ки дар набардҳои хунини солҳои 1941-1945 барои ҳифзи кишвари паҳновари хеш ҷангидаанд, ҳарф зада, ҷасорату мардонагии онҳоро намунаи баланди ватандӯстӣ арзёбӣ намуд.
Сипас, сартабиби шаҳр Ҳ.Самиев ба сухан баромада, дар бораи иштирокчии ҷанг Комил Тоҷиев ва зиндагиномаи шоистаи ӯ, аз муборизаҳояш дар майдони ҷанг ёдовар гардид. Қайд карда шуд, ки К.Тоҷиев ҳамчун ҷанговари далер ҳангоми озод кардани як қатор шаҳрҳои ҷангзадаи сарзамини Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳайси хизматчии шӯъбаи тиббӣ иштирок карда, рутбаи майори хизмати тиббиро сазовор шудааст. Ӯ ҳамчун сарбози ҷасур дар ҷабҳаи набард то ба даст овардани Ғалаба ҷангида, бо зафар баргаштааст. Пас аз ҷанг низ дар соҳаи тандурустӣ кор карда, садҳо беморонро шифо бахшидааст. Солҳои тӯлонӣ чун табиби ҳозиқ, ҷарроҳи борикбин дар рушди соҳаи тандурустии мамлакат кор карда, беш аз 15 сол Ректори Донишкадаи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино буд. Корнамоиҳои ҷангиаш бо ордену медалҳои "Ситораи Сурх", "Барои озод кардани Ленинград", "Барои Ғалаба дар ҶБВ", "Барои озод кардани Прага", "Ордени Ғалаба дараҷаи l ва ll" ва дигар мукофотҳои фахрӣ қадрдонӣ гардидааст. Ба поси хотири ӯ Беморхонаи Марказии шаҳрамон ба номи табиби ҷанговар, академик К.Тоҷиев гузошта шуда, дар даромадгоҳи Беморхонаи марказӣ нимпайкараи ӯ гузошта шудааст.
Дар ҷамъомад Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Н.Ғаниев иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҳамкориҳояш бо К.Тоҷиев, рафтору кирдори шоиста, ташаббусу ободкориҳо, маҳорату малакаи баланди касбии ӯ ёд карда, зикр дошт, ки хотираи неки чунин диловари садоқатпеша ҳаргиз фаромӯш намешавад.
Дар ҷамъомад китобу дастурҳое, ки ба К.Тоҷиев тааллуқ дошта, ба ҳаёту зиндагии ҷангиву табибии ӯ бахшида шудаанд, ба маърази тамошову мутолиа гузошта шуд.
Дар анҷом хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар васфи Ватан, ҳифзи осудагии кишвар, ҷашни зафар ва саҳми падарони ҷанговар дар ҳимояи Ватан шеърҳо хонданд.
Возможно, это изображение 8 человек, люди сидят, люди стоят и на открытом воздухеВозможно, это изображение на открытом воздухе и памятникВозможно, это изображение 6 человек, люди стоят и на открытом воздухеВозможно, это изображение 2 человека, люди стоят, на открытом воздухе и дерево
Возможно, это изображение 8 человек, люди сидят, люди стоят и на открытом воздухеВозможно, это изображение 1 человек, стоит и деревоВозможно, это изображение 7 человек, люди стоят и на открытом воздухеВозможно, это изображение 6 человекВозможно, это изображение 2 человека, люди стоят и на открытом воздухеВозможно, это изображение 15 человек, люди сидят, люди стоят и на открытом воздухе
Возврат к списку новостей