Посетители
4203658
Сегодня
43
На этой неделе
652
В этом месяце
1148
Итого
4203658
06.05.2022
Дидорбинии ҷанговарон
Инак ҳар як рӯзииэ гузашта ба ҷашни шукӯҳманди таърихӣ - 77-солагии Рӯзи Ғалаба наздик месозад. Ба ин муносибат Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба аёдати Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта, падарони қаҳрамонро бо фарорасии Иди зафар шодбош гуфт.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шадидтарин набардҳои таърих аст, ки ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони далерро рабуд. Аз шаҳри Конибодом зиёда аз 6000 нафар муҳофизони ватан ба ҷанг сафарбар гардида, дар қатори даҳҳо халқияту миллатҳо барои ҳимояи Ватан ҷасурона ҷангида, танҳо 2400 нафарашон аз майдони набард бо ғолибият баргаштаанд.
Ҳоло 2 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Бурҳонбой Бердиев аз деҳаи Диловарон ва Абдуваҳҳоб Махкамов аз деҳаи Ниёзбек дар қайди ҳаёт буда, маслиҳатгару раҳнамои моянд.
Зимни мулоқот ин падарони қаҳрамон аз хотираҳои ҷангӣ ва ҳаёти пурмашаққати баъдиҷангӣ ёдовар гардида, аз зиндагии ободу осудаи имрӯзаи мардуми кишвар, таваҷҷӯҳу ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба иштирокчиёни ҷанг бо қаноатмандиву шукргузорӣ ҳарф зада, ба Раиси шаҳр арзи сипосу миннатдорӣ баён намуданд. Ва зикр доштанд, ки то умр боқист, барои шукуфоиву пешрафти диёри азизамон ва тинҷиву саодати ҷовидони ватан дар дуо хоҳанд буд.
Ба диловарони Ватан тӯҳфаҳои идона ва ҳадяҳои пулии Раиси шаҳр супорида шуд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?