Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1723565
Сегодня
31643
На этой неделе
189342
В этом месяце
543963
Итого
1723565
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

06.05.2022

Сад ранги чакан

Баргузории Иди ҳунару зебоӣ, санъату нафосат - "Сад ранги чакан" дар кишварамон бо Амри Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ба базми мӯди миллӣ ва Иди тарроҳону дӯзандагон табдил ёфтааст.
Дар шаҳри Конибодом низ ин озмун бо иштироки анқариб 15 нафар дӯзандагону чеварони гулдаст баргузор гардид. Дар оғоз муовини Раиси шаҳр Зарринахон Ғафурзода маҳфилро ифтитоҳ бахшида, аз ҳадафу мақсадҳои баргузории озмун ва ҳунари беназири бонувони тоҷик ҳарф зад. Сипас, дӯзандагон аз ташкилоту муассисаҳои гуногун, аз ҷумла, соҳаи маориф, коллеҷу литсейҳо ва ҷамоатҳои деҳот маҳсули ҳунари дӯхтаи худро бо навбат пешкаши ҳозирин гардониданд. Ба ҳунари дӯзандагон ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ намуда, дар номинатсияҳои либосҳои кӯдакона, либосҳои расмии рӯзмарра ва намоиши сӯзанидӯзӣ ғолибонро муайян намуданд.
Ҳарчанд олами мӯд рӯз аз рӯз рушд карда, намудҳои гуногуни либоси аврупоиву муосир завқи пиру барноро ба худ мекашад, аммо либоси миллии тоҷикона, аз қабили чакан ва атласу адрас миёни онҳо мавқеи баланд дошта, дар ҳама давру замон зебоигиву тароват, ҷаззобияту замонавӣ буданашро гум накардааст. Бо назардошти ин, тарроҳони тоҷик намудҳои гуногуни либосро аз ин матоъҳо дӯхта пешниҳоди бонувон месозанд, ки аз ҷилои рангҳо ва тамошои нақшу нигори зарҳалини онҳо ҳар як бинанда ба олами зебоиву ҳунар меравад.
Дар маҳфили "Сад ранги чакан" дӯзандагони моҳир намудҳои мухталифи тарзи дӯхтро пешкаш дошта, чеварон Гулнора Махкамова, Таҳмина Турсунова, дӯзандагони литсейи касбии саноати дӯзандагӣ, чеварони коллеҷҳо, дӯзандаи шӯъбаи маориф Марҳабо Олимова ва дигарон беҳтарин дониста шуда, бо сипоснома ва тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.
Дар ҷараёни маҳфил ҳунармандони бахши фарҳанг бо суруду таронаҳо хотири иштирокдоронро болида гардониданд.
Возможно, это изображение 4 человека, люди стоят и люди сидятВозможно, это изображение 10 человек, люди стоят и в помещенииВозможно, это изображение 3 человека, люди стоят и в помещенииВозможно, это изображение 12 человек, люди стоят и в помещенииВозможно, это изображение 7 человек, люди стоят и в помещенииВозможно, это изображение 9 человек, люди стоят и в помещенииВозможно, это изображение 8 человек, люди стоят и в помещенииВозможно, это изображение 7 человек, люди стоят и в помещенииВозможно, это изображение 9 человек, люди стоят и в помещенииВозможно, это изображение 7 человек, ребенок, люди стоят и в помещенииВозможно, это изображение 7 человек, люди стоят и в помещенииВозможно, это изображение 7 человек, люди стоят и в помещенииВозможно, это изображение 9 человек, люди стоят и в помещенииВозможно, это изображение 11 человек, люди стоят и в помещенииВозможно, это изображение 10 человек, люди стоят и в помещенииВозможно, это изображение 4 человека, люди стоят и в помещенииВозможно, это изображение 5 человек, люди стоят и в помещенииВозможно, это изображение 7 человек, люди стоят и в помещенииВозможно, это изображение 9 человек, люди стоят и в помещенииВозможно, это изображение 10 человек, люди стоят и в помещении
Возврат к списку новостей