Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1723565
Сегодня
31643
На этой неделе
189342
В этом месяце
543963
Итого
1723565
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

05.05.2022

Ҳуқуқи кӯдакро ҳимоя намо

Таҳти ҳамин унвон аз тарафи комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар муассисаҳои таълимӣ назди хонандагону наврасон ҷамъомаду мулоқотҳо доир карда шуда, оид ба ҳифзи ҳуқуқу мафиатҳои кӯдакон, пешгирии ҷиноятсодиркунӣ дар байни ноболиғон, фароҳам овардани шароити мувофиқи таълиму тарбия ва фароғату истироҳат ба наврасон ибрози андешаҳо сурат гирифт.
Бояд гуфт, ки кӯдакон ҳамеша ба меҳру навозиш ва назорати калонсолон ниёз дошта, дар навбати худ ҳуқуқ ба таҳсилу истироҳат, баёни андеша ва ҳуқуқ ба ҳаёти шоиста доранд. Аммо аз ҷониби калонсолон на ҳамеша ин ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои кӯдакону наврасон риоя мешавад. Ва дар натиҷаи чунин муносибати сар-сарӣ ба ҳаёти кӯдак боиси паёмадҳои нохуш ва рӯҳафтода шудани ӯ мегардад. Дар ин мавзӯъҳо самутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳаётов, сармутахассис - котиби комиссияи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Маҳбубахон Муҳитдинова баромад карданд. Дар баромадҳо вобаста ба талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак", ки соли 2015 қабул шудааст, оид ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дифои ҳуқуқҳои кӯдакон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятсодиркунӣ дар байни ноболиғон низ ибрози назар карда шуд. Қайд карда шуд, ки дар баъзе ҳолатҳо беназорат мондани наврасон боиси ба ҷиноят даст задани ноболиғон гардидааст. Аз ҷумла, 8 ҳодисаи ҷиноятсодиркунӣ дар байни ноболиғон, ба монанди дуздию авбошӣ, қаллобӣ, худкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷони худ ба қайд гирифта шудаанд, ки сабабаш беаҳамиятии падару модар ва калонсолон ба ҳаёти ноболиғону фарзандон мебошад.
Дар ҷаласа роҷеъ ба чунин ҳолатҳо ва пешгирии ин гуна ҳодисаҳо, аҳамияти ҷиддӣ додан ба таълиму тарбияи дурусти фарзандон ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон андешарониҳо сурат гирифт.
Чунин мулоқоту ҷамъомадҳо дар муассиссиҳои таълимӣ бо наврасону ҷавонон гузаронида шуда, аз ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакону наврасон дифоъ карда мешавад.
Возможно, это изображение 4 человека, люди сидят, люди стоят и в помещенииВозможно, это изображение 11 человек и люди стоятВозможно, это изображение 3 человека, люди стоят и в помещении
Возврат к списку новостей