Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4615705
Сегодня
411
На этой неделе
4605
В этом месяце
10078
Итого
4615705
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

03.04.2016

Рӯзи осорхонаҳо

Санаи 3 апрел дар саросари кишвар рӯзи Осорхона эълон гардидааст. Дар ин рӯз бо иқдоми бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Рӯзи осорхона дар осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳр ба номи Мирраҷаб Додхоҳ басо хотирмон доир карда шуд. Аз ҷониби роҳбарияти осорхона Рӯзи дарҳои кушод баргузор карда шуда, зиёда аз 400 нафар ҷавонони шаҳр аз ёдгориҳои таърихии он дидан намуданд. Махсусан, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ аз ин ташаббус шод гашта, миннатдорӣ баён доштанд. Барои онҳо хусусан, тамошои нигораҳо, ёдгориҳои таърихӣ, дастгоҳҳои қадима, зарфҳои гуногуни маҳфузмонда ва либосҳои миллӣ, ки аз таърихи ғании ниёгон дарак медоданд, басо мароқаангез буд. Чуноне ки аз гуфтаҳои ҷавонон бармеояд, боздид аз осорхона барои насли ҷавон ниҳоят муҳим аст. Зеро аксарияти ҷавонон ба техникаву технологияи ҳозиразамон таваҷҷӯҳ менамоянду ташриф ба мавзеъҳои таърихӣ аз ҷониби онҳо кам ба назар мерасад. Дар натиҷа баъзе нафарон аз гузаштаи халқу таърихи шаҳр кам огаҳӣ доранд. Аз ин лиҳоз, таклиф карда шуд, ки ин чуна чорабиниҳо минбаъд бештар гузаронида шавад.

Воқеан, имрӯзҳо қисми зиёди ҷавонон ба шабакаҳои интернетӣ ва воситаҳои элекронӣ рӯ овардаанд ва хеле кам ба гузаштаи диёру асолати таърихии миллат мувоҷеҳ мегарданд.   Дар оянда низ ташкил намудани Рӯзи дарҳои кушод дар осорхона ва дигар мавзеъҳои таърихии шаҳр пурманфиат хоҳад буд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей