Посетители
02.04.2016
Дарси шуҷоату мардонагӣ
Имрӯзҳо дар саросари мамлакат мавсими даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар оғоз гардидааст. Бо мақсади бурдани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ дар ҳудуди шаҳр чорабиниҳои гуногун доир гардида истодааст. Аз ҷумла, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9 Рӯзи раисони ташкилотҳои ибтидоии собиқадорон доир гардид. Раиси ташкилоти ибтидоии собиқадорони минтақаи зисти Ҳоҷӣ Алиев Набиҷон Орифов дар бораи фаъолияти Шӯрои ташкилот баромад намуд. Муовини раиси шӯрои собиқадорони шаҳр Исмоил Юсуфов оид ба қарорҳои Шӯрои собиқадорони вилоят оид ба омодагӣ ба 71-умин солгарди Ғалаба бар фашизми Германия ва дигар масъалаҳои ба ташкилотҳои ибтидоии собиқадорон вобаста баромад кард.
Сипас, бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии собиқадорон дар мактаб дарси шуҷоат бо хонандагони синфҳои болоӣ гузаронида шуд. Дарсро омӯзгор Абдумалик Аброров гузаронд. Дар ин дарс ҷанговари байналмилал Салимов Раҳматҷон, муборизи сохти конститутсионӣ Улмас Ашӯров, иштирокчии бартарафсозии оқибатҳои садамаи НБА Чернобил Розиқ Дадоҷонов ва хонандаи ҳамин мактаб, ки баъди хатми синфи 11 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намудааст, Собирҷон Ғаниев иштирок ва баромад карданд. Дар фарҷом раиси Шӯро Қ.Ҳасанов ва собиқадори маориф Муйзуллохон Нарзуллоев арзи сипос намуданд.
Баргузории чунин чорабиниҳо барои ҷалби ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани ҳисси ифтихори ватандориву меҳанпарастӣ ва омода намудани ҷавонон ба дифои Ватан саҳми муассир мегузорад.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?