Посетители
01.04.2016
Оғози кишти пахта
Пахтакорӣ дар ҷумҳурӣ чун соҳаи асосии кишоварзӣ боқӣ монда, дар ташаккули иқтисодиёт ва хоҷагии халқи Тоҷикистон аҳамияти калон дорад. Имрӯзҳо кишоварзони шаҳрамон бо истифода аз обу ҳавои мусоид дар киштзорҳо ба кишти пахта шурӯъ намуданд. Ҳамаи заминҳо ба кишти баҳорӣ омода карда шуда, деҳқонон бо азму иродаи қавӣ ба замин донаи умед мекоранд. Дар маросими оғози кишти пунбадона дар хоҷагиҳои пахтакор, аз ҷумла, дар бригадаи №7-и Ҷ/С ба номи Энаҷон Бойматова, ки сарварии онро Асқар Икромов ба ӯҳда дорад, муовини Раиси шаҳр Бахтиёр Ахмедов, сардори Раёсати кишоварзӣ Валиҷон Азимов ширкат намуда, ба деҳқонон барори кор ва файзу баракат орзу намуданд. Инчунин, пирони кор ва собиқадорони соҳаи кишоварзӣ дар сари замин ба деҳқонон фотеҳаи нек доданд. Кишоварзони шаҳр ба нақша гирифтаанд, ки имсол дар майдони 6,5 ҳазор га замин пунбадона кишта, ҳосилнокиро нисбати соли гузашта баланд намуда, ҳосили дилхоҳ рӯёнанд. Айни ҳол дар майдони 521 га замин кишти пунбадона гузаронида шуда, деҳқонон ният доранд, ки саривақт кишти пунбадонаро ба анҷом расонда, дар мӯҳлатҳои муқаррарӣ корҳои агротехникиро босифат ба ҷо оварданд.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?