Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4615721
Сегодня
427
На этой неделе
4621
В этом месяце
10094
Итого
4615721
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

31.03.2016

Ифтитоҳи марказҳои хизматрасонии бойторӣ

Бо дастгирии Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон  Қодирӣ имрӯзҳо аксари сокинони шаҳри Конибодом низ соҳиби замин гашта, бо  кишоварзиву  соҳибкорӣ шуғл варзида истодаанд. Ба ин восита  нафарони дигар низ соҳиби ҷои кор мегарданд. Дар ҷамоати деҳоти Пӯлодон якчанд нафар замин гирифта, марказҳои гуногуни хизматрасониро ба аҳолӣ пешкаш намуданд. Аз ҷумла, аз ҷониби соҳибкорон дар  маркази деҳаи Равоти ин ҷамоат як маркази хизматрасонии бойторӣ  бо фарогирии дорухона, нуқтаи бордоркунии сунъӣ ва клиника ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар маросими ифтитоҳ муовини раиси шаҳр Бахтиёр Ахмедов иштирок намуда, аз шароити марказҳо дидан намуд. Чунин маркази хизматрасонӣ дар деҳаи Ғалчамулло ва Бӯстони ҷамоати мазкур низ ифтитоҳ бахшида шуд. Бояд зикр намуд, ки солҳои охир талаботи аҳолӣ ба марказҳои хизматрасонии бойторӣ дар ҳудуди шаҳр, махсусан, ҷамоатҳои деҳот зиёд гардида, таъсисёбии онҳо айни муддаост. Минбаъд сокиноне, ки бо чорводорӣ машғуланд, метавонанд аз деҳаи худ дур нарафта, аз хизматрасониҳои марказ истифода баранд.  

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей