Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1168193
Сегодня
14
На этой неделе
221
В этом месяце
2340
Итого
1168193
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

30.12.2021

Паёми шодбошии Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода фарорасиии Соли нави мелодии 2022

Сокинони  шарафманди Канди бостонӣ!

 

   Инак, пас аз рӯзҳои бошумор Соли нави мелодии 2022 фаро мерасад ва ҳамаи мо бо суруру шодмонӣ ва умеду орзуҳои нек онро истиқбол намуда, ҳамзамон бо соли 2021, ки барои мардуми кишвари соҳибистиқлоламон соли барору комёбиҳо ва ҷашну рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ба шумор рафта, дар саҳифаҳои таърих сабт гардид, падруд мегӯем.

     Соли 2021 сокинони  шаҳрамон дар партави иқдоми наҷиби давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои вазифаҳои хеш аҳлона меҳнат намуда, барои ноил гардидан  ба  комёбиҳои меҳнатӣ ва ободии диёр бо саъю талошҳои пайваста ба пешравию муваффақиятҳои назаррас мушарраф гардиданд.

    Дар  саҳифаҳои таърихи  кишвари  азизамон соли 2021-ум пеш аз ҳама,  соли рӯйдоди муҳими  таърихӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чун соли дигаргуниҳои бузурги бунёдкориву созандагиҳо  дар хотири ҳар як сокини кишвар  нақш хоҳад баст.

    Аз ощози сол бо  ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сокинони шарафмандамон низ, ба корҳои ободонӣ ва созандагиву  бунёдкориҳо вусъати тоза бахшида, баҳри  шукуфоии диёр ва осудагии  рӯзгорашон пурсамар кору фаъолият намуданд.                     

    Қобили қайд аст, ки соли 2021 дар аксари соҳаҳои хоҷагии  халқи  шаҳр пешравиҳо ба амал омада, нишондиҳандаҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла, соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, нақлиёт, алоқа, сохтмон, маорифу тандурустӣ ва фарҳанг  нисбати соли гузашта бо натиҷаҳои  мусбӣ ҷамъбаст гардиданд.

    Ба истифода дода шудани зиёда аз 506 иншооти гуногун ва ҳамзамон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани якчанд корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, ба истифодадиҳӣ ва идомаи корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншоот дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, силсилаи корҳои ободонӣ  ва амалӣ намудани лоиҳаву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ аз нуктаҳои муҳими фаъолиятамон дар ин сол ба шумор мераванд.

    Итминони комил дорем, ки дар соли нави 2022 дар натиҷаи талошҳои ҳар яки мо ва тадбирҳои судмандонаи роҳбарияти кишвар диёрамон боз ҳам сарсабзу обод ва зиндагии мардуми он  боз ҳам шоиставу арзандатар хоҳад шуд.

    Бахусус, мо - мардуми Конибодом аз соли нави 2022 умедҳои калон дорем, зеро тибқи нақша як қатор иншооти муҳим мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, иқдомҳои бунёдкорона идома хоҳад ёфт.

     Бо чунин орзуву ниятҳои нек, ҳар яки Шумо, ҳамшаҳриёни азизро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2022 самимона  табрику таҳният гуфта,  баҳратон беҳбудиву сиҳатмандии комил, нусрату саодати  зиндагӣ, бахту иқболи накӯ, хонаи обод, рӯзгори фаровону пурбаракат ва комёбиҳои беназир таманно менамоям.

     Бигзор, дар Соли нави мелодӣ Тоҷикистони азизамон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам сарсабзу  шукуфон ва сулҳу субот пойдору бегазанд бимонад.

 

Соли нави мелодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

    Бо эҳтиром,

    Раиси шаҳри Конибодом                            Абдусалом Тӯхтасунзода

 

Возврат к списку новостей