Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1168192
Сегодня
13
На этой неделе
220
В этом месяце
2339
Итого
1168192
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

27.11.2021

Муроҷиатнома ба мардуми шарифи ВМКБ​

http://sugd.tj/index.php/tj/navid/17122-murojiatnoma
БАДАХШОН МИНБАРИ НАНГИ МОСТ
Сокинони вилояти Суғд ва шаҳри бостонии Хуҷанд ба ҳодисаҳои рӯзҳои охир ва афкори дар атрофи ному нанги Бадахшони сарбаланд ва мардуми он паҳнгардида, ки дар асоси иғвоангезиҳои душманони миллати тоҷик ба вуҷуд омадаанд, бетараф набуда, бо ғамхорию ҳамдардӣ ва итминони комил зикр менамоянд, ки мардумони бонангу номуси ин минтақаи озоду ободи Ватан ҳеҷ гоҳ ба ҷудоиандозӣ роҳ нахоҳанд дод.​
Аҳли меҳанпарасти ин диёр хуб медонанд, ки солҳои душвори навадуми асри гузашта фишору гирдиҳамоии як идда нерӯҳои дастнишондаи душманони берунӣ чӣ гуна давлату миллати тоҷикро ба буҳрони сиёсию иқтисодӣ дучор карда, ба парокандагӣ рӯ ба рӯ намуду садҳо ҳазор сокинон гуреза шуданд.
Имрӯз мо ба Шумо, ҳамватанони арҷманд–бадахшониёни азиз, бо дили пуру муҳаббати бепоён муроҷиат карда, даъват менамоем, ки баҳри риояи сулҳу оромӣ ва барқарории фазои осуда дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон тамоми чораю тадбирро меандешед, то ки дар асоси қонунҳои амалкунанда ва бурдборию ақли солими халқ мурод ҳосил гардад, зеро мақомоти қудратии кишвар бо дастгирии аҳли мамлакат баҳри поксозии ҷомеа аз омилҳои ҷиноятию ҷинояткор тамоми чораҳо ва тадбирҳои судбахшро андешида истодаанд.
ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!
Тинҷию оромии кишвари мо ба баъзе гуруҳҳои манфиатхоҳ ва ашхоси нохалаф намефорад ва онҳо барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ, ба вуҷуд овардани нооромию нобоварӣ ва ба ин васила ба даст овардани даромади муфт тамоми кӯшиш ва талоши ғаразноки худро равона кардаанд.
Аз ин лиҳоз ба якояки Шумо муроҷиат карда, зарур мешуморем, таъкид намоем, ки кишвари тинҷу осудаамонро ноором насозем ва ба мақомоти ваколатдор имконият диҳем, то ҳолати бавуҷудомадаро боадолатона таҳқиқ карда, нисбати гунаҳгорон тибқи қонунҳои ҷорӣ чораҳои қатъӣ биандешанд. Ҳаёти воқеӣ борҳо собит намудааст, ки амалҳои мансабталошию возифахоҳӣ, маҳалгароию қонуншиканӣ, муштзӯрию беадолатӣ оқибатҳои нохуб ба бор овардаанд.
Тамоми миллати тоҷик, ки бадахшониён ҳам худро бо сари баланду ифтихори хос худро чун ҷони ин миллат меҳисобанд, танҳо як Сарвари давлат–Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, танҳо як Пешво–Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро доранд, ки ҳамеша ва дар ҳама гуна ҳолат дар паҳлуи мардуми одӣ ҳастанд ва намегузоранд, ки касе ва ё гуруҳе бе асос ва ё ғайриқонунӣ ҷазо бинад ва ё қурбони беадолатӣ гардад. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аст, ки Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон як ҷузъи ҷудонопазири он мебошад.​
Мо, аҳли зиё, олимон, ходимони сиёсию давлатӣ ва кормандони масъули соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилояти Суғд ба Шумо, бадахшониёни боғурур ва сулҳпарвар, итминони комил дорем, ки манзили худро аз оташи хонумонсӯз эмин медоред. Барои ин Шумо, ки ворисони асили фарзанди бузурги халқи тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур ҳастед, ҳам чизро доред: муҳаббат ба Ватан ва обу хоки аҷдодӣ, меҳр ба оила ва боварӣ ба ояндаи фарзандон, ақли солими ҷамоатофарин, ки барои фардои насли имрӯз заминаи устувор фароҳам хоҳад гузошт.​
Мо ҳамеша ҳампаҳлуи Шумо ҳастем, бадахшониёни сарбаланд!
Муҳиддин Хоҷазод, Нависандаи халқии Тоҷикистон,
Фарзонаи Хуҷандӣ, Шоири халқии Тоҷикистон,
Аҳмадҷон Раҳматзод, Шоири халқии Тоҷикистон,
Маъруф Бобоҷон, Нависандаи халқии Тоҷикистон,
Толиб Карими Озараш, Шоири халқии Тоҷикистон,
Ҷамшед Ҷӯразода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ба номи академик Б.Ғафуров, доктори илмҳои таърих,
Турсунбой Раҳматов, раиси Шӯрои собиқадорони вилояти Суғд,
Сайрам Исоева, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон,
Ҷӯрабек Набиев, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон
Шарифулло Абдуллозода, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд,
Усмонҷон Ғаффоров, Корманди шоистаи Тоҷикистон,
Каромулло Одилов, Корманди шоистаи Тоҷикистон,
Илҳоми Ҷамолиён, раиси Созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон,
Аминҷон Шарифзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”
Возврат к списку новостей