Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4218923
Сегодня
67
На этой неделе
2597
В этом месяце
5144
Итого
4218923
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

23.11.2021

Табрикоти Раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикикистон

Ҳамдиёрони гиромӣ!
Санаи 24-уми ноябр мардуми сарбаланду шарафманди Тоҷикистони азиз боз як ҷашни таърихӣ, рӯзи саиду саодатбахш-Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд.
Ба ифтихори ин санаи муборак ҳамаи Шумо-ҳамшаҳриёни гиромиро таҳният гуфта, бароятон саодату нусрати зиндагӣ, хонаи обод ва комёбиҳои беназир таманно менамоям.
Тавре огоҳ ҳастед, дар партави сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон ҷашни фархундаву ҳумоюн 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии мамлакат бо рӯҳбаландии бузург ва хотирмон ҷашн гирифта шуд.
Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва забони давлатӣ бо ҳам тавъаманд ва пиру барнои Тоҷикистон онро муқаддасу арзишманд, азизу гиромӣ медоранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки "Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардиданд. Қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост,ки ба Парчами давлатӣ, ки рамзи истиқлолу озодӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандориву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллӣ мебошад, арҷ гузорем".
30-юми августи соли 2011 бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бузургию ҳашамате, ки мислаш дар олам нест, дар паҳлӯи Қасри Миллат ба баландии рекорди ҷаҳонӣ-165 метр бардошта шуд.
Инак, 12 сол инҷониб бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 24-уми ноябр чун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Парчам дар раванди давлатдорӣ, баргузории чорабиниҳои расмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хосаи худро дорад. Дар он рангҳои сурх, сабз ва сафед ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлолият,бахту иқболи сафед, ояндаи ҳаёт,сулҳу субот, саъю кӯшиш баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун баёнгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос ёфтаанд. Аз ин рӯ, Парчами миллӣ моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ҳидоят менамояд.
Бо орзуву ниятҳои нек, бори дигар тамоми сокинони Канди бостониро бо ин рӯзи муборак-Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрику таҳният намуда, бароятон саодатмандиву тандурустӣ, бахту иқбол,сарсабзиву комёбиҳоро дар партави мавҷҳои саодатбахши Парчами давлатӣ таманно менамоям.
Бигузор, мардуми меҳнатқарину меҳанпарвари диёрамон доимо зери мавҷҳои пурҷилову нурафшони Парчами даврони истиқлолият сарҷамъ бошанд ва Парчами давлатии мо дар фазои озоди кишвари соҳибистиқлоламон то абад парафшонӣ намояд.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак!
Возврат к списку новостей