Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1161813
Сегодня
7
На этой неделе
113
В этом месяце
3542
Итого
1161813
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

19.11.2021

Сафари кории Раиси вилоят ба шаҳри Конибодом

 

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ва фаъолияти гармхонаҳои шаҳр шинос шуд.

Аснои сафар роҳбари вилоят дар маросими ифтитоҳи тарабхонаи "Офтобак" иштирок кард. Тарабхонаи мазкур аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, дорои 11 ҳуҷра ва 60 ҷойи нишаст аст. Дар ошёнаи дуюми иншоот студияи аксбардорӣ, нуқтаи омодасозӣ ва фурӯши нону самбӯса ва дигар намуди хизматрасониҳо ҷойгир карда шудааст.
Дар тарабхонаи нав барои 30 нафар наврасону ҷавонони имконияташон маҳдуд аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастархони идона ороста шуда, либосҳои гарми зимистона туҳфа карда шуд.
Сипас, роҳбари вилоят рафти сохтмони боғчаи рақами 10, кӯдакистони рақами 2, Боғи фарҳангию фароғатии шаҳрро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои дар сатҳи баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ба масъулин супоришҳо дод.
Дар идомаи сафар роҳбари вилоят бо фаъолияти гармхонаҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ошно шуд. Дар гармхонаи Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ, ки 0,20 га аст, парвариши бодиринг ба роҳ монда шудааст. Дар гармхонаи соҳибкор Фарҳод Холиқов бошад помидор кишт гардида, тариқи қатрагӣ обёрӣ мегардад. Аз ин гармхона то имрӯз се маротиба ҳосил руёнида шуда, помидор ба фурӯш бароварда шудааст.
Соҳибкор Зариф Тухтаев дар ду гармхонаи худ лиму парвариш намуда, ният дорад, ки аз 140 ниҳоли лиму 50 килограмӣ ҳосил ба даст орад.
Раиси вилоят ба масъулини соҳаи кишоварзӣ, роҳбарияти шаҳр ва моликони гармхонаҳо ҷиҳати истифодаи самараноки замин супоришҳо дода, таъкид кард, ки маҳсулот бояд ҳарчи зиёдтар истеҳсол карда шавад.
https://www.facebook.com/konibodom
Возврат к списку новостей