Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1161813
Сегодня
7
На этой неделе
113
В этом месяце
3542
Итого
1161813
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

17.11.2021

Ҷамъомад бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Касри фархангии Бодом

16 ноябри соли 2021 дар Қасри фарҳанги Бодом бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода зимни суханронии хеш сокинони шаҳрро ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда қайд кард, ки ин санаи таърихӣ нишони ихлосу самимият, муҳаббат ва қадршиносии миллати мо ба фаъолияти босамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, баҳри эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу субот, ваҳдат, ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфуз ва мақоми ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Ба ҳамагон равшан аст, ки аз рӯзҳои аввали расидан ба Истиқлолият давлати ҷавони тоҷикон ба имтиҳони басо вазнин ва зарбаи сахти таърих рӯ ба рӯ гашта,аз тарафи нерӯҳои бадхоҳи ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд.
Маҳз,дар ҳамин рӯзҳои фоҷиабор ва вазъияти муташанниҷи иқтисодиву сиёсӣ дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми тоҷик муяссар гардид, ки бо интихоби Сарвари нави сиёсии хеш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавҷудияти Тоҷикистонро дар ҳудуди эътирофгардидааш таъмин намояд.
Ваҳдату сулҳи тоҷикон, оштии миллӣ ва авфи ҳамдигар аз муҳимтарин паёмҳое буданд, ки Пешвои маҳбуби мо аз аввали интихоб шудан ба мансаби сарварӣ таъкид доштанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати барои таърих бисёр кӯтоҳ тавонистанд, системаи мукаммал ва муосири давлатдориро барқарор ва ниҳодҳои фалаҷшударо аз нав эҳё намоянд.
Бо роҳбариву роҳнамоиҳои хирадмандона ва дурбинона, кору пайкори ҷавонмардона ва иқдому амалҳои ибратбахши созандаву омӯзандаи ин фарзанди фарзонаи миллат Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намуда, пояҳои давлатдории миллии тоҷикон ва бақою ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон абадӣ ва ҷовидона таъмин карда шуд.
Инак тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ миллати мо дар саросари ҷаҳон соҳиби обрӯю манзалати хоса гардида, бо азму иродаи қавӣ тавассути созандагиву бунёдкориҳои бомаром ба фардои дурахшон қадамҳои устувор мегузорад ва беш аз пеш ба дастовардҳои беназир ноил гардида истодааст.
Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо 178 давлати ҷаҳон муносибати дипломатӣ дошта, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.
Ҳамаи ин эътибору нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бозгўйи он аст, ки кишвари мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои бунёдкорона, иқдомҳои сулҳҷуёна ва азму ниятҳои неку созандаи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ намуда, дар ҳаллу фасли масъалаву мушкилоти олами муосир фаъолона ширкат менамояд.
Воқеан дар таърихи навини халқи тоҷик Пешвои маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияте мебошанд, ки дар ташаккули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардаанд, ки он бо хатҳои заррин сабт гардидааст.
Дар охир аз ҷониби аҳли ҳунар ба иштирокчиёни ҷамъомади тантанавӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.
Возврат к списку новостей