Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1161813
Сегодня
7
На этой неделе
113
В этом месяце
3542
Итого
1161813
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

15.11.2021

Паёми табрикии Раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамасола рӯзи 16 ноябр мардуми шарафманди тоҷик ба хотири арҷгузорӣ ва эҳтиром ба мансаби олии давлатии Тоҷикистон - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент- садоқат ба Ватан таҷлил менамоянд.
Ин санаи таърихӣ нишони ихлосу самимият, муҳаббат ва қадршиносии миллати мо ба фаъолияти босамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, баҳри эътирофи фазилатҳои сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдат, ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузи мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Дар ҳар давру замон шахсиятҳое дар саргаҳи ҷомеа зуҳур мекунанд, ки бо ҷасорату матонат, ҷаҳду талошҳои пайгирона, дарки эҳсоси баланди худшиносиву хештаншиносӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ташаккули давлатдорӣ саҳми беназир гузошта, барои давлату миллати хеш хизматҳои арзандаву садоқатмандона намудаанд, ки номи онҳо чун шахсиятҳои нотакрор дар таърих ҷовидона сабт гардидаанд.
Хушбахтона таърих ба Тоҷикистони соҳибистиқлол дар лаҳзаҳои бисёр ҳам ҳассосу сарнавиштсоз, абармарди тавоно, сиёсатмадори бузург ва роҳбари хирадманд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳадя кард,ки бо ҷоннисориву фидокорӣ, кирдору амалҳои нек ва заҳмату талошҳояшон тавонистанд дар кишварамон ҷанги бародаркушро хотима дода, мардуми парешонро муттаҳид, сулҳу ваҳдати комилро пойдор ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоиро таъмин созанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як шахсияти таърихӣ баъд аз ҳазор сол халқи тоҷикро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид сохта, миллати гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дода, неъмати озодиву соҳибдавлатиро ба халқи тоҷик ҳадя карданд.
Дар саҳифаҳои таърихи навини халқи тоҷик азму талошҳои рӯзафзун ва заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлати тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳёи Ватану миллат, ободию пешрафт, рушду шукуфоӣ ва беҳбудии зиндагии халқ бо хати заррин сабт хоҳанд гашт.
Дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш кулли сокинони сарбаланди Канди бостониро ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, барояшон рӯзгори обод, сарбаландӣ, пирузиву садоқатмандӣ ва ба диёри азизамон Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмон сулҳу сафо ва шукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.
Орзуманди онам,ки ин рӯзи таърихӣ то абад ҳамчун нишони ифтихору сарбаландии миллати мо пойдору устувор бошад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Возврат к списку новостей