Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1161812
Сегодня
6
На этой неделе
112
В этом месяце
3541
Итого
1161812
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

05.11.2021

Номаи табрикии Раиси шаҳр Тӯхтасунзода А. ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!
Ҳанӯз 27 сол муқаддам, 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи навини кишварамон санади муҳиму сарнавиштсоз-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд, ки он самараи даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон ба ҳисоб меравад.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон таъкид намудаанд:"Ҳадафи мо аз ҳамасола ҷашн гирифтани рӯзи қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, пеш аз ҳама эҳтирому арҷ гузоштан ба қонуни асосию сарнавиштсози давлат ва райъи ҳамватанони азизамон мебошад, ки дар давраи басо душвори таърихӣ онро ҷонибдорӣ намуда,ба ин васила барои ояндаи дурахшони кишварамон заминаи боэътимоди сиёсӣ ва иҷтимоиву ҳуқуқӣ фароҳам оварданд".
Бешак, Конститутсия аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда,пойдевори ҳуқуқии давлат, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдорӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ маҳсуб меёбад.
Дар асоси талабот ва меъёрҳои он, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳо қабул карда мешаванд, ки ҳадафу мароми онҳо мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ ва танзими ҳуқуқии ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии мамлакат аст.
Боиси ифтихору қаноатмандист,ки Конститутсияи кишвар дар радифи панҷ Конститутсияи беҳтарини кишварҳои дунё дониста шуда, дар ин ҷода вазифаи асосии ҳар як шаҳрванд эҳтиром ва риояву иҷрои ҳатмии меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ба шарофати ин санади муҳиму арзишманд орзую ормони ҳар як сокини Тоҷикистон амалӣ гардида, ба сӯйи ояндаи дурахшон ва бунёди ҷомеаи навину муосир ҳидоят менамояд.
Боиси сарфарозист, ки мардуми шарафманди Канди бостонӣ низ чун дигар ҳамватанонамон мутобиқ ба меъёрҳои конститутсионӣ амал намуда, вазифа ва ӯҳдадориҳои муқаддаси шаҳрвандии хеш, аз қабили риояи қонунҳо, эҳтироми шаъну шарафи дигарон, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат ва таҳкими истиқлолияти кишварро сарбаландона ба ҷо меоранд. Онҳо бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионӣ дар фазои осуда ва муҳити созандаву бунёдкорона баҳри рушду пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ва эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ кӯшишу талошҳои босамар менамоянд.
Бо орзуву ниятҳои нек, кулли мардуми шарафманди шаҳрамонро бо ҷашни 27-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо самимият ва эҳтироми бепоён табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатмандиву хонаободӣ, бахту иқболи накӯ, рӯзгори ободу осуда, осмони софу беғубор ва баҳри саодати имрӯзу фардои кишвар фатҳу кушоишҳои навин таманно дорам.
Бигузор, ба бахти мо минбаъд ҳам Тоҷикистони азизамон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукуфон ва рӯзгори мардуми шарафманди он боз ҳам ободу осуда бошаду бахтномаи миллати тоҷик- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳомӣ ва ҳидоятгари давлату ҷомеа, кафили сулҳу субот ва омили муҳими рушду такомули Тоҷикистони азизамон хизмат намояд.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Возврат к списку новостей