Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1161812
Сегодня
6
На этой неделе
112
В этом месяце
3541
Итого
1161812
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

25.10.2021

Машварати кории Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Конибодом

Дар шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони шаҳр машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр дар нуҳ моҳи соли 2021 мавриди таҳлил қарор гирифта, баҳри бо дастовардҳои шоиста ҷамъбаст намудани сол ба роҳбарияти шаҳр супоришҳо дода шуд.
Тавре таъкид карда шуд, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ 185 млн. 780,8 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 496 млн. 849,1 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардида, барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулот чораҷӯӣ карда шуд.
Нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо (бо назардошти андози иҷтимоӣ) – 100 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 78 млн. 188 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда 78 млн. 277 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид. Иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ 95 фоизро ташкил дода, нақшаи андозҳо 99 фоиз иҷро шуд.
Ба ҳолати 1 октябри соли равон дар Конибодом 6 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки дар доираи онҳо дар 5,1 млн. доллари ИМА азхуд карда шудааст.
Бо таҳлили вазъи соҳаҳо Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр ва роҳбарони ташкилоту идораҳо ҷиҳати таъмини рушди соҳаи саноат, ташкили корхонаҳои нав ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки замин, захираи маҳсулот барои давраи тирамоҳу зимистон, баррасии саривақтии муроҷиатҳои сокинон ва ҳалли мушкилоти онҳо, дастгирии кадрҳои ҷавон, иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ, нақшаи истеҳсоли пахта, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, тақвияти корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз супоришҳои қатъӣ дод.
Возврат к списку новостей