Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1161812
Сегодня
6
На этой неделе
112
В этом месяце
3541
Итого
1161812
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

25.10.2021

Шиносоӣ бо вазъи ҷамъоварии пахта ва фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом рафти ҷамъоварии ҳосили пахта дар бригадаи рақами 12 –и Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Энаҷон Бойматоваро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Зимни суҳбат бо чинакчиён роҳбари вилоят таъкид кард, ки барои пухта расидани ҳосил кишоварзон меҳнати зиёд намудаанд ва бояд ҳосил пурраву беталаф ҷамъоварӣ карда шавад. Ба роҳбарияти шаҳр супориш дода шуд, ки вазъи таъминоти чинакчиён бо хӯрок ва пардохти музди меҳнати онҳо зери назорат гирифта шуда, бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ шумораи бештари ҳашарчиён ҷалб гардида, корҳои тақвият бахшида шавад.
Тавре иттилоъ дода шуд, соли равон нақшаи истеҳсоли пахта дар Конибодом 14300 тонна буда, то имрӯз 10314 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 72 фоизи нақша баробар аст.
Сипас, Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаҳои коркарди пахтаи Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Энаҷон Бойматова, ҶДММ “Ориён-коттон”,ҶДММ “Ҳабиб-2017” ва ҶДММ “Конибодом-коттон” шинос гардида, барои қабулу коркарди пурраи пахта ба роҳбарияти шаҳр ва корхонаҳо тавсияҳо дод.
Возврат к списку новостей