Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1161812
Сегодня
6
На этой неделе
112
В этом месяце
3541
Итого
1161812
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

25.10.2021

Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7 дар Конибодом

23 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом бо сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7 шаҳр шинос гардид.
Бинои нави таълимӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои 480 нафар дар як баст сохта шуда, дар он барои хонандагон шароити хуби таълиму тарбия фароҳам оварда хоҳад шуд.
Раиси вилоят аснои шиносоӣ ба масъулин барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ва ташкили маҳфилҳои гуногун супоришҳо дод.
Бояд қайд намуд, ки дар шаҳр 55 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барои бунёди мактабҳои нав ва сохтмони синфхонаҳои иловагӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодааст.
Дар доираи корҳои ободонии марбут ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо дар самти бунёду муассисаҳои таълимӣ, азнавбарқароркунии муассисаҳои таълимии садамавӣ, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, толор ва майдончаҳои варзишӣ ва ошхонаҳо барои хонандагон як зумра корҳо ба иҷро расонида шуд.
Ҷиҳати бартараф кардани муассисаҳои садамавӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда,бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар МТМУ №7 бунёди бинои нави таълимӣ барои 480 нафар дар як баст ва дар МТМУ №52 барои 240 нафар корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён дорад.
Ҳамчунин, сохтмони бинои нави таълимӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МТМУ №48 барои 240 нафар, дар МТМУ №32 бунёди 8 синфхона, дар МТМУ №13 - 5 синфхонаи иловагӣ бо ташаббуси кумитаи падару модарон ва соҳибкорони маҳаллӣ ҷараён дошта, иншооти мазкур соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо сокинон ва соҳибкорони саховатпеша дар як қатор муассисаҳои таълимӣ, аз он ҷумла, дар МТМУ №15 бунёди бинои нави таълимӣ барои 330 нафар хонанда дар як баст, МТМУ №21 барои 480 хонанда дар як баст, дар кудакистони №10 барои 120 кӯдак оғоз карда шуда, корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани ҳамаи иншоот вазъи таълиму тарбия боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.
 
Возврат к списку новостей