Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1161812
Сегодня
6
На этой неделе
112
В этом месяце
3541
Итого
1161812
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

23.10.2021

Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии "Эргаш Шарифов"

Санаи 22 октябри соли ҷорӣ дар толори тӯйхонаи "Баҳор"-и Ҷамоати деҳоти Куҳандиёр, вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии "Айнӣ" рақами 38 ва Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии "Эргаш Шарифов" рақами 22, Раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ шаҳрдор Абдусалом Тӯхтасунзода оид ба иҷрои Барномаи вакилиаш дар назди интихобкунандагон гузориш дод. Баъдан вобаста ба фаъолияти минбаъдаи хеш ҳамчун вакил ибрози назар намуда қайд кард, ки ҳар як шахси ватандӯсту ватанпараст бо шукргузорӣ аз фазои орому осоишта, сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба пайравӣ ва дастгирӣ намуда, барои ободию сарсабзии диёр ва пешрафту тараққиёти он бояд ҳиссагузор бошад. Сипас бо интихобкунандагон доир ба масъалаҳои тарбияи ҷавонон ва пешгирӣ кардани шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни ғайриқонунӣ, ҳалли мушкилоти марбут ба оила ва занон, пешгирии роҳи ҷудошавии оилаҳо ва никоҳи хешутаборӣ, ҷалби бештари занону духтарон ба омузиши касбҳо, рушди ҳунарҳои мардумӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон" ва "дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", корбарӣ дар самти даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғунучини дастранҷи деҳқон-ҳосили пахта ва бурдани корҳои созандагиву бунёдкорӣ суҳбати озоди самимӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ интихобкунандагон ба вакили Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳр ва вилоят, Раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода саволҳо дода ба он посухҳои мушаххас гирифтанд.
https://www.facebook.com/konibodom
Возврат к списку новостей