Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1161815
Сегодня
9
На этой неделе
115
В этом месяце
3544
Итого
1161815
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

15.10.2021

Ҷамъбасти фаъолияти рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар 9 моҳи соли 2021

Санаи 14 октябр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти фаъолияти рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар 9 моҳи соли 2021 баргузор гардид. Дар он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Сайфиддин ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, Раисони Ҷамоатҳои деҳот ва Кумитаҳои маҳаллӣ, роҳбарони сохторҳои воҳидӣ, ташкилоту муассисаҳо, мудирони шӯъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сарварони коллеҷу литсейҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фаъолон иштирок намуданд.
Маҷлиси ҷамъбастиро Раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки сокинони сарбаланди шаҳри Конибодом бо дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар фазои сулҳу субот ва арафаи ҷашни бузург ва таърихии миллатамон, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳлона меҳнат карда, 9 моҳаи соли 2021-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд.
Сипас муовини раиси шаҳр Ғафурзода Заррина оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар 9 моҳи соли 2021 маърӯза намуд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Сайфиддин ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, сокинони шаҳри Конибодомро бо ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, барои дар оянда ноил гардидан ба натиҷаҳои боз ҳам баландтар фикру андешаҳои худро иброз доштанд.
Дар охир Раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳрро дар 9 моҳи соли ҷорӣ таҳлил намуда, қайд кард, ки барои расидан ба натиҷаҳои боз ҳам бештар бояд камбудиҳои ҷойдошта ислоҳ карда шаванд. Вобаста ба пардохти саривақтии андоз, рушди иқтисоду саноат, дуруст ба роҳ мондани баҳисобгирии оморӣ, сари вақт ҷамъ овардани ҳосили пахта, бурдани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ дар байни ҷавонписарон вобаста ба даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва дигар масъалаҳои пешрафти ҷомеа ба масъулон дастуру супоришҳо дод.
 
Возврат к списку новостей