Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1156815
Сегодня
70
На этой неделе
160
В этом месяце
1745
Итого
1156815
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

08.10.2021

Ифтитоҳи бинои маъмурии Прокуратураи вилояти Суғд дар маҳаллаи 34- уми шаҳри Хуҷанд

8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд бинои 7-ошёнаи маъмурии Прокуратураи вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии Прокуратураи вилояти Суғд соли 2018 оғоз гардида, бо сифати баланд ва риояи талаботи шаҳрсозию меъморӣ анҷом дода шудааст.
Дар бинои асосии Прокуратураи вилояти Суғд 111 хуҷраи корӣ, осорхона, китобхона, толори варзишӣ ва утоқҳои техникӣ мавҷуд аст, ки бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои кормандон шароити мусоиди фаъолият фароҳам мебошад.
Бинои дигари иншооти мазкур аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум ошхона барои 90 ҷои нишаст ва дар ошёнаи дуюм маҷлисгоҳ б0 300 ҷои нишаст ҷойгир аст.
Ҳангоми шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои маъмурии Прокуратураи вилояти Суғд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони он мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Прокуратураи вилояти Суғд барои таъмини волояти қонун дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, таҳкими назорати прокурорӣ, мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва терроризму экстримизм дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бинои маъмурии Прокуратураи вилояти Суғд бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар саҳн ва атрофи он бо анҷоми тадбирҳои ободонӣ гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шудааст.
Возврат к списку новостей