Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1156815
Сегодня
70
На этой неделе
160
В этом месяце
1745
Итого
1156815
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

08.10.2021

Ифтитоҳи бинои Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Мактаби Пулотов” дар маҳаллаи 28- уми шаҳри Хуҷанд

Ифтитоҳи бинои Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Мактаби Пулотов” дар маҳаллаи 28- уми шаҳри Хуҷанд 08.10.2021
8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 28- уми шаҳри Хуҷанд бинои нави Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби Пулотов»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии мазкур дар иртибот ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 2980 метри мураббаъ барои зиёда аз 1200 нафар хонанда дар ду баст бо тарҳи муосир бунёд гардидааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур бо ҷалби зиёда аз 100 нафар коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мубин» бо сифати баланд ва ҷавобгуи талаботи замони муосир анҷом дода шудааст.
Бинои Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби Пулотов» аз таҳхона ва се ошëна иборат буда, дорои 31 синфхона, аз ҷумла 2 ташхисгоҳи фаннӣ, 2 синфхонаи технологияи иттилоотии пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет, 2 синфхонаи технологӣ ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ, кабинетҳои фаннӣ, утоқ барои омӯзиши шоҳмот, ҳуҷраҳои корӣ, китобхонаи электронӣ, толори маҷлисгоҳ барои зиёда аз 100 нафар, ошхона бо 120 ҷои нишаст, толори варзишӣ-гимнастикӣ, ҳуҷраи тиббию дандонпизишкӣ, буғхона ва дигар иншооти ёрирасон аст, ки бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошанд.
Ҳамчунин барои хонандагон дар ин муассисаи таълимии ғайридавлатӣ китобхона бунёд карда шудааст, ки он дорои зиёда аз 9000 нусха китобҳои дарсӣ, бадеӣ, сиёсӣ ва дастурҳои методии таълимӣ аст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароити таълимӣ дар синфхонаҳо бо хонандагон сӯҳбати озоду самимӣ карданд ва онҳоро ба омӯзиши ҳарчи бештари донишҳои замони муосир, аз ҷумла фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва технологияи компютерӣ ҳидоят намуданд.
Дар саҳн ва атрофи бинои нави таълимии ғайридавлатии «Мактаби Пулотов» дар баробари анҷоми корҳои кабудизоркунию ободонӣ майдончаи варзишӣ, ки барои бозии футболу волейбол пешбинӣ гардидааст, сохта мавриди истифода қарор дода шудааст.
Мавриди зикр аст, ки Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби Пулотов» аз шумули нахустин муассисаи ғайридавлатиест, ки соли 1996 таъсис ёфта, ҳадаф аз бунёди он тарбияи хонандагони соҳибистеъдоду болаёқат ва баланд бардоштани сатҳи таълим тибқи стандартҳои байналмилалӣ мебошад.
Солҳои аввали ташкилёбӣ дар ин муассисаи таълимии ғайридавлатӣ 21 нафар омӯзгор фаъолият дошт, ки шумораи хонандаҳо он вақт 78 нафарро ташкил медод.
Бо фароҳам гардидани шароити мусоиди таълиму тарбия шумораи омӯзгорон ва хонандагон дар ин муассисаи таълимии ғайридавлатӣ тадриҷан зиёд гардид.
Айни замон дар ин муассисаи таълимии ғайридавлатӣ 676 нафар хонанда таҳсил намуда, ба онҳо 44 нафар омӯзгори соҳибтаҷриба таълиму тарбия медиҳад.
Бо максади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дониши хонандагон дар ин муассисаи таълимии ғайридавлатӣ гузаронидани дарсҳои ғайристандартӣ, муштарак ва ҳамгиро ба роҳ монда шудааст, ки ин раванд натиҷаҳои босамар хоҳад дод.
Барои инкишофи нутқи хонандагон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо ин муассисаи таълимии ғайридавлатӣ бо Асотсиатсияи Тоҷикистон оид ба мубодилаи донишҷӯён ҷиҳати таҷрибаомӯзии техникӣ ҳамкорӣ дорад, ки хатмкунандагони ин мактаб имкон доранд таҷрибаомӯзиро дар хориҷи мамлакат гузаронанд.
Шароити мусоиди таълимӣ имкон фароҳам овард, ки 57 нафар хонандагони Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби Пулотов» зимни ширкат дар олимпиадаҳои сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гарданд.
Возврат к списку новостей