Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1156815
Сегодня
70
На этой неделе
160
В этом месяце
1745
Итого
1156815
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

05.10.2021

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ,
Бо як ҷаҳон ихлосу иродати бепоён ва шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаатон дар рушду шукуфоии кишвари азизамон Шумо - муҳтарам Ҷаноби Олиро бо санаи фархундаи умр, таҷлили зодрўзи босаодат сидқан табрику муборакбод менамоем.
Бо ҷашни муқаддасу таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам омадани зодрўзи мубораки Шумо баёни асосгузор ва бунёдгари таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол, тамаддуну фарҳанги куҳанбунёди дирўзу имрўзи миллатамон будани Шумо - муҳтарам Пешвои муаззами миллат мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки Шумо ҳамчун сиёсатмадори барҷаста бо мавқеи устувор ва матонати беназир на танҳо дар таъмини зиндагии орому осуда ва ҳаёти хуши халқи тоҷик саҳми бузург гузоштед, балки ҳамчун шахсияти эътирофгардидаи сатҳи ҷаҳонӣ дар суботи тамоми минтақа низ нақши калидӣ доред.
Сокинони вилояти Суғд чун кулли мардуми сарбаланди кишварамон аз он сарфарозанд, ки дар ин соли таърихӣ Шумо Пешвои муаззами миллат дар машварати сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва бо қарори сарони давлатҳои Осиёи Миёна барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дўстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштаракаи кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ бо нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” сарфароз гардидед.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай Шумо Ҷаноби Олӣ бо мавқеъгириҳои устуворонаатон ҷиҳати таъмини сулҳу ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, пешравию шукуфоии кишварҳои минтақа изҳори андеша намуда, бори дигар Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳамчун кишвари тараққихоҳу сулҳпарвар муаррифӣ намудед.
Мардуми шарифи кишвари азизамон таҳти роҳбарӣ ва сиёсати ваҳдатофарини Шумо бо азму ирода ва эътиқоду боварии комил ба фардои дурахшон фаъолият намуда, барои ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон аз ҳарвақта бештар саъю талош меварзанд.
Дар ин рўзи барои ҳар як сокини мамлакат фирўз ба Шумо - Ҷаноби Олӣ сиҳату саломатӣ, умри дароз ва дар амалӣ намудани ниятҳои неки созандаатон тамоми хушиҳои оламро таманно менамоем.
Ба бахту иқболи давлату миллат ва мардуми кишвари азизамон ҳамеша саломату сарбаланд бошед, муҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд
Возврат к списку новостей