Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1156815
Сегодня
70
На этой неделе
160
В этом месяце
1745
Итого
1156815
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

04.10.2021

Табрикоти Раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони арҷманд!
Дар кишвари маҳбубамон санаи 5-уми октябр чун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бо тантана таҷлил карда мешавад. Ин санаи фархундаро ба сокинони диёри Канди бостонӣ табрику таҳният намуда, дар рушди такомули забони модариамон ва арҷгузории он барору комёбиҳо хоҳонам.
Тавре, ки маъхазҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, забони модарии мо-забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, ҳанӯз дар замони давлатдории Тоҳирён, Саффориён ва сипас Сомониён ҳамчун забони илму адаб ва расмию коргузории вазоратхонаҳо шӯҳрати беҳамто касб намуда, бо ин забон дар Хуросону Мовароуннаҳр аввалин силсилаи шеъру рисолаҳои илмӣ ва фалсафӣ эҷод гардидаанд. Дар аҳди Сомониён забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ эътироф гардида, то ба имрӯз роҳи пуршебу фарозеро тай намуда, асолати хешро бо тамоми назокату фасоҳаташ ҳифз намуд ва халқи сарбаланди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.
Бо ин забон садҳо ва ҳазорон бузургмардону нобиғагони давр дурри сухан суфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд. Осори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлавиву Ҷомӣ, Бедилу Дониш ва садҳо нафари дигар, ки ҳанӯз чандин аср пеш бо ин забони пурфасоҳат навишта шудаанд, имрӯз барои мардуми мо дастрасу фаҳмо ва азизу гиромӣ мебошад. Ин осори ҷовидонаро ҳар як фарзанди соҳибмаърифати миллат имрӯз ба осонӣ, бидуни луғат мехонаду мефаҳмад.
Аз он ифтихорманд ҳастем, ки забони ноби тоҷикӣ ба шарофати хизматҳои бузург ва корнамоиҳои беназири фарзандони халқи тоҷик аз Исмоили Сомониву устод Рӯдакӣ то устод Айниву Бобоҷон Ғафуров бо ҳама нозукиву фасоҳату балоғаташ, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба замони мо расидааст.
Мусаллам аст, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлоли баҳри рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода намуда, чун муқаддасоти миллӣ пазируфта, ҳифзи ин арзиши волоро вазифаҳои муҳими давлат арзёбӣ намудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ бобати эҳтироми забони тоҷикӣ таъкид доштанд, ки "Мо соҳибзабонон дар назди наслҳои фардо барои ҳифзи асолату покизагӣ ва шириниву шевоии он масъулият дорем ва онро бояд ҳамчун арзиши бебаҳои миллӣ посдориву нигаҳбонӣ кунем ва барои рушду тақвияти минбаъдаи он аз ҳамаи имконияти мавҷуда босамар истифода барем. Қарзи фарзанди ва рисолати инсонии мост,ки забони модариамон, яъне ин забони ширину шоиронаро баробари модари худ азиз шуморем, дӯст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо шири поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо аллаи гӯшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунем ва мисли гаронбаҳотарин сарвати умрамон ҳамеша гиромӣ дорем".
Изҳори боварӣ менамоям, ки мардуми фарҳангпарвару бомаърифати диёри азизамон забони модариамонро, ки ифтихору сарбаландии ҳар фарди ватандӯсту меҳанпараст ва яке аз муқаддасоти давлати соҳибистиқлоламон ба шумор меравад, ҳамеша азизу мӯътабар дониста, баҳри покизагӣ ва пояндагии он кӯшишу ғайрат ва талош менамоянд.
Бо ифтихору садоқат ба забони модарӣ, бори дигар сокинони Канди бостониро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди соҳибдил дар ҷодаи ҳифзу гиромидошт ва рушди забони давлатӣ барору комёбиҳо орзумандам.
Рӯзи забони давлатӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!
Возврат к списку новостей