Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1156815
Сегодня
70
На этой неделе
160
В этом месяце
1745
Итого
1156815
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

03.10.2021

Гусели ихтиёриён ба сафи куввахои мусаллах

Субҳи 2юми октябр дар майдони шоҳ Исмоили Сомонии шаҳри Конибодом гусели аввалин гуруҳи 57 нафараи даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ба ин муносибат бо иштироки роҳбарияти шаҳр, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони байналмиллал, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, фаъолон, волидону пайвандон ва даъватшавандагон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар он раиси шаҳр муҳтарам Абдусалом Тӯхтасунзода суханронӣ намуда оиди нерӯи пурқудрат ва такягоҳи давлат будани Қувваҳои Мусаллаҳ ва кафили сулҳу суботи пойдор ва зиндагии осоиштаи мардум будани он ҳарф зада, ба даъватшавандагон роҳи сафеду дар ҷодаи хизмати ҳарбӣ барору комёбиҳо таманно кард ва азму иродаи ватандӯстонаи онҳоро намунаи ибрат барои дигар ҷавонписарон арзёбӣ намуд. Сипас ба як гурӯҳ даъватшавандагон, ки мактаби ронандагии Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаро хатм карда буданд,дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуд.
Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Ғаниев Н., аксари қисми низомии 0480, волидони наваскарон ва худи даъватшавандагон баромад намуда оиди мактаби олии обу тоби зиндагӣ ва ҷасорату мардонагӣ будани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ суханронӣ намуданд.
Ҷамъомади тантанвиро барномаи рангини фарҳангӣ ҳусни итмом бахшида, ба даъватшавандагону волидони онҳо дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳр дастурхони идона ороста шуд.
Дар чунин фазои пуршукӯҳу мутантан, таҳти суруду оҳангҳои ватандӯстонаи рӯҳнавоз ҷавононписарон бо рӯҳияи болида ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда шуданд.
Возврат к списку новостей