Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1154153
Сегодня
7
На этой неделе
109
В этом месяце
1950
Итого
1154153
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

10.09.2021

Чорабинии фарҳангӣ дар варзишгоҳи "Ҷавонӣ"

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи "Ҷавонӣ" чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар он меҳмонон аз ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии дӯсту бародари Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Нахуст раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода сокинони шаҳрро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба муносибати ин санаи тақдирсоз табрику таҳният намуд. Сипас роҳбари ҳайати меҳмонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муовини якуми ҳокими ноҳияи Бешариқ Отабек Алиматов сокинони Тоҷикистон ва шаҳрамонро ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик кард.
Ҳунармандони шаҳрамон Бахтиёр Ҳасанов, Дилбар Сулаймонова, Матлуба Мирзоҷонова, Акрам Шарипов ва дигарон, ҳофизони шинохтаи ҷумҳурӣ Дамирбек Олимов, Мадина Акназарова, Нобовар Чаноров ва ҳунарманд аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дорандаи ҷоизаи "Ӯзбек Наво" Барнохон Абдуҷалилова ба чорабинии мазкур таровати идона бахшиданд.
https://www.facebook.com/konibodom
Возврат к списку новостей