Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1154153
Сегодня
7
На этой неделе
109
В этом месяце
1950
Итого
1154153
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

08.09.2021

Чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи фарҳанги Бодом баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори генералии КВД "Хизматрасонии манзили коммуналӣ" Табарзода Ҷамшед Афзал, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода Осим Қосим иштирок карданд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Табарзода Ҷамшед ҳозиронро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик намуда барору комёбиҳо таманно кард.
Раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода суханронӣ намуда доир ба дастовардҳои 30 соли даврони Истиқлолият қайд карда гузашт ва ҳамдиёронро бо 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Каримзода Осим ба сухан баромада табрикоти Раиси вилоятро ба сокинони шаҳрамон расонид. Сипас ба гурӯҳ собиқадорони меҳнат, сарварону кормандони ташкилоту корхонаҳо ва соҳибкорон бо мукофотҳои Раиси вилоят, ифтихорнома ва сипосномаҳои Раиси шаҳр қадрдонӣ карда шуданд. Барномаҳои рангини фарҳангӣ чорабиниро ҳусни хотима бахшид.
https://www.facebook.com/konibodom/
Возврат к списку новостей