Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1154153
Сегодня
7
На этой неделе
109
В этом месяце
1950
Итого
1154153
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

18.08.2021

УНВОНИ БАЛАНДИ ФАХРӢ МУБОРАК МУҲТАРАМ РАИС!

18 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.
Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки дар арафаи ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ намудани заҳмати намояндагони касбу кори гуногун ва шахсони содиқу обрӯманди ҷомеа рамзи сипосгузорӣ ба хизматҳои шоёни онҳо дар ҷодаи пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ва бахшҳои иҷтимоӣ мебошад.
Истиқлолу озодӣ бузургтарин неъмат ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик баъди ҳазор соли бедавлатӣ ба ҳисоб меравад.
Маҳз ба шарофати истиқлол дар харитаи сиёсии дунё Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ба вуҷуд омад ва ба ҳайси узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.
Истиқлоли давлатӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ гардида, ба мардуми Тоҷикистон имконияти нодири таърихии бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои кишвар, халқи он ва эҷоди аркони давлатдории муосирро муҳайё намуд.
Президенти мамлакат қайд намуданд, ки чун анъана дар арафаи ҳар як ҷашн мо корҳои анҷомдодаи худро таҳлилу ҷамъбаст мекунем, хулосаву натиҷагирӣ менамоем ва вазифаҳои минбаъдаро муайяну мушаххас месозем.
Мо то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои саноат, нақлиёт, энергетика, сохтмон, бахши хусусӣ, рушди содирот, азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, кишоварзӣ, рушди сайёҳӣ, илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила, рушди варзиш ва идома додани татбиқи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда корҳои зиёдеро ба анҷом расонидем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки дар амалӣ гардидани корҳои зикршуда ҳиссаи ҳар яки шумо дар ин толор нишастагон арзанда мебошад. Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат заҳмати софдилона, хизмати содиқона ва фаъолияти созандаи ҳар шахсро ба таври шоиста қадрдонӣ мекунанд.
Ҳамин тавр, дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои баланди истеҳсолию фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Возврат к списку новостей